Доллар дар Тоҷикистон ҳам гарону ҳам камёфт шуд

Ахиран дар бозори асъори Тоҷикистон доллари ИМА камёфт шуда, онро метавон дар баъзе бонкҳо ва он ҳам ба миқдори начандон зиёд ба даст овард. Аз оғози даҳаи дуюми моҳи апрел баъди босуръат беқурбшавии рублиРусия бар асари таҳримҳои ҷорикардаи ИМА қурби доллар нисбати сомонӣ қариб 1 фоиз боло рафт. Қурби расмии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон […]

Ахиран дар бозори асъори Тоҷикистон доллари ИМА камёфт шуда, онро метавон дар баъзе бонкҳо ва он ҳам ба миқдори начандон зиёд ба даст овард.

Аз оғози даҳаи дуюми моҳи апрел баъди босуръат беқурбшавии рублиРусия бар асари таҳримҳои ҷорикардаи ИМА қурби доллар нисбати сомонӣ қариб 1 фоиз боло рафт.

Қурби расмии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршудаи 1 доллар нисбати сомонӣ имрӯз 8,8847 сомониро ташкил медод. Санаи 9 апрел он ба 8,8280 баробар буд.

Илова бар ин, дарёфти доллар дар бонкҳои тиҷоратӣ ахиран мушкил шудааст: дар аксари бонкҳо ба як даст танҳо то 200 доллар маблағ дода, дар баъзе бонкҳои дигар умуман доллар намефурӯшанд.

Дар бонкҳо мегӯянд, бо сабаби вақтҳои охир аз мизоҷон кам ворид шудани ин асъор ба бонкҳо, доллар каамёфт шудааст.

«Мо долларҳои аз мизоҷон гирифтаамонро медиҳем. Чӣ қадре, ки одамон дар мо камтар долларро ба сомонӣ иваз кунанд, ҳамин қадр мо ҳам доллар пешниҳод карда метавонем», – гуфтанд дар яке аз марказҳои бонкӣ.

Чанде аз коршиносон дар ин робита изҳор намуданд, ки муҳоҷирони корӣ аз Русия ба ватан асосан рубл ва ба миқдори начандон зиёд доллар мефиристанд, вале аз соли 2016ҳамаи бонкҳо маблағҳои бо рубли русӣ воридшударо бо сомонӣ медиҳанд.

«Яъне ҳамаи рублҳои воридшуда дар бонкҳои кишвар ҷамъ шуда, минбаъд ба ивази доллар ба бонкҳои Русия баргардонида мешаванд. Ҳамин тариқ, чӣ қадре, ки қурби рубл нисбати доллар камтар бошад, ҳамин қадр бонкҳои Тоҷикистон камтар доллар ба даст оварда метавонанд», – мегӯяд иқтисодчӣ Саид Назиров.

Шореҳи соҳаи молия Баҳром Каримов камбуди доллар дар Тоҷикистонро мавсимӣ унвон карда зикр намуд, ки дар ин давра норасоии доллар эҳсос мешавад, зеро он ба кишвар асосан аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ ворид шуда, афзоиши ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон маъмулан нимаи дуюми сол оғоз мегардад.

Ғайр аз ин, изҳор намуд номбурда, ба Тоҷикистон баҳору тобистон бештар молу маҳсулот ворид шуда, ҳаҷми содирот, ки боз яке аз сарчашмаи дарёфти асъор аст, охири тобистон ба зиёдшавӣ шурӯъ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.