Беҳтарин нозири минтақавии милитсияи пойтахт муайян шуд

Дар озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол-2017», ки мақомоти шаҳрдории Душане эълон карда буд, 18 нафар нозирони минақавии милитсияи пойтахт иштирок карданд. Комиссияи иборат аз кормандони Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душабе фаъолияти нозирони минақавии милитсияи шаҳрро мавриди омӯзиш қарор дода, се нафар ғолибонро эълон кард. Шарти асосӣ он буд, ки муддати сол дар минтақаи нозир […]

Дар озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол-2017», ки мақомоти шаҳрдории Душане эълон карда буд, 18 нафар нозирони минақавии милитсияи пойтахт иштирок карданд.

Комиссияи иборат аз кормандони Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душабе фаъолияти нозирони минақавии милитсияи шаҳрро мавриди омӯзиш қарор дода, се нафар ғолибонро эълон кард.

Шарти асосӣ он буд, ки муддати сол дар минтақаи нозир бояд ҳамаи ҷиноятҳо ошкор шуда, худи нозирро аҳолӣ хуб шиносад.

Ҳамин тариқ, подполковники милитсия, сардори минтақаи хизматии маъмурии №6 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Алиҷон Калонзода ғолиби озмун дониста шуда, ба ӯ ба мабалғи 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супурда шуд.

Зинаи дуюмро Мустафо Қурбонов, подполковники милитсия, нозири минтақаи хизмати маъмурии №12 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ишғол намуда, ба 12 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ соҳиб шуд.

Амирхон Одинаев, майори милитсия, сардори минтақаи хизматии маъмурии №1 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҷойи сеюм сазовор дониста шуда, ба ӯ 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим шуд.

Қобили зикр аст, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо ва тақвияти мубориза бо ҷинояткорӣ роҳандозӣ гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.