Рӯзноманигор муовини раиси шаҳри Исфара таъин шуд

Рӯзноманигори тоҷик Мадина Бобоиёни 36-сола муовини нави раиси шаҳри Исфара таъин шуд. Номзадии ӯ аз ҷониби президенти Тоҷикистон пазируфта шудааст. Бино ба маълумоти дарёфтии «Азия-Плюс» аз ҳукумати ин шаҳр, муовини нави раиси шаҳр хатмкардаи риштаи филолгияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буда, солҳои гуногун дар телевизиони шаҳри Исфара, ТВ «Сафина» фаъолият доштааст. То таъинот ба ин вазифа […]

Рӯзноманигори тоҷик Мадина Бобоиёни 36-сола муовини нави раиси шаҳри Исфара таъин шуд. Номзадии ӯ аз ҷониби президенти Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Бино ба маълумоти дарёфтии «Азия-Плюс» аз ҳукумати ин шаҳр, муовини нави раиси шаҳр хатмкардаи риштаи филолгияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буда, солҳои гуногун дар телевизиони шаҳри Исфара, ТВ «Сафина» фаъолият доштааст. То таъинот ба ин вазифа дар Раёсати маълумоти томактабии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон машғули кор буд.

Дар мақомоти шаҳрдории Исфара ба дӯши Мадина Бобоиён масъулияти ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ вогузор хоҳад шуд.

Қаблан ин мансабро Таборакхон Умарзода ишғол мекард, ки бинобар сабаби ба шаҳри Душанбе кӯчидани оилааш аз вазифааш канор рафт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.