Бердимуҳаммадов таъсиси Шӯрои сарони кишварҳои Осиёи Миёнаро пешниҳод кард

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон изҳор доштааст, ки шӯрои нави машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) метавонад мулоқотҳои мунтазамро ташкил кунад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вай пешниҳод кардааст, ки Шӯрои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад. Ба бовари Бердимуҳаммадов, шӯрои машваратӣ зери номи Шӯрои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, метавонад мулоқотҳои […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон изҳор доштааст, ки шӯрои нави машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) метавонад мулоқотҳои мунтазамро ташкил кунад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вай пешниҳод кардааст, ки Шӯрои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.

Ба бовари Бердимуҳаммадов, шӯрои машваратӣ зери номи Шӯрои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, метавонад мулоқотҳои пайвастаи роҳбарони кишварҳои ОМ-ро ҳамоҳанг кунад. Вай ин пешниҳодро дар сафараш ба Ӯзбекистон ироа кардааст.

Расонаҳои Туркманистон хабар медиҳанд, ки бо ташаббуси Бердимуҳаммадов барои ташкили чунин як шӯро гуруҳи коршиносони панҷ кишвар ҷамъ хоҳанд шуд.

Ташаббуси президенти Туркманистон дар ҳоле садо медиҳад, ки як моҳ пеш дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мулоқоти сарони панҷ кишвари ОМ баргузор гардида буд. Зимнан, дар он мулоқот Бердимуҳаммадов ширкат надошт.

Саммити Остона, ки рӯзи 15 марти соли ҷорӣ барпо шуд, нахустин мулоқоти машваратии сарони кишварҳои ОМ ном гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.