Суғд: қатъи кори ошхонае, ки мурғро дар шароити зиддисанитарӣ мепухт

Мақомоти назорати беҳдошт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ошхонаи "Мурғи ором"-ро бастанд. Дар ин ошхона мурғҳоро зинда дар дег мепухтанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ошхонаи "Мурғи ором" дар канори Хуҷанд маҳз бо мурғҳои пухташудаи хонагӣ маъруф буд, вале охиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуд, ки нишон медод масъулони ин […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти назорати беҳдошт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ошхонаи "Мурғи ором"-ро бастанд. Дар ин ошхона мурғҳоро зинда дар дег мепухтанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ошхонаи "Мурғи ором" дар канори Хуҷанд маҳз бо мурғҳои пухташудаи хонагӣ маъруф буд, вале охиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуд, ки нишон медод масъулони ин ошхона дар шароити бади беҳдоштӣ мурғҳоро зинда ба деги ҷӯшон андохта, баъдан забҳ ва онро пар мекунанд.

Фурқат Шарипов, муовини сардухтури Маркази давлатии назорати санитарию эпидеомологӣ гуфт, баъд аз пайдо шудани наворҳо билофосила ба тафтиши фаъолияти ин ошхона шурӯъ карданд.

Ӯ гуфт: "Дар рафтаи тафтиш ошкор шуд, ки масъулони ин ошхона 15 рӯз қабл аз ин ба хотири 50 дирам арзонтар афтодани гӯшти ҳар мурғ дар канори шаҳри Хуҷанд як кӯшишхонаи ғайриқонунӣ таъсис доданд. Дар ҳақиқат дар рафти санҷиши мо камбудиҳои санитарӣ ошкор шуд".

Шарипов афзуд, баъд аз санҷиш ва ошкор шудани камбудиҳо, бо қарори Маркази санитариву эпидемиологӣ фаъолияти ошхона аз рӯзи 20-уми апрел қатъ карда шуд. Ба гуфтаи ин масъули Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ дар нисбати ошхонаи маъруф ба “Мурғи ором” ва моликаш Файзулло Олимов протокол тартиб дода, ба мақомоти прокуратураи ноҳия супурда шудааст.

Дар Маркази назорати давлатии сантариву эпидемиологии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтанд, бори охир фаъолияти ин ошхона моҳи декабри соли 2017 тафтиш шуда, як зумра камбудиҳо ошкор ва барои ин 1 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.