Иштироки 500 нафар дар раҳпаймоии «Полки абадӣ» дар Душанбе

Субҳи рӯзи 9 май наздики 500 нафар сокинони пойтахт назди дарвозаи Боғи Ғалаба (мавзеи маъруф ба пивзавод) ҷамъ омада, то Боғи Ғалаба раҳпаймоӣ карданд. Ин ҷо онҳо дар пояи Оташи ҷовидон барои гиромӣ доштани хотираи фавтидагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулҳо гузоштанд. «Ин фаромӯшношуданӣ аст, яъне хеле хурсандам, ки раҳпаймоӣ баргузор шуд, – мегӯяд Фурқат, […]

Asia-Plus

Субҳи рӯзи 9 май наздики 500 нафар сокинони пойтахт назди дарвозаи Боғи Ғалаба (мавзеи маъруф ба пивзавод) ҷамъ омада, то Боғи Ғалаба раҳпаймоӣ карданд. Ин ҷо онҳо дар пояи Оташи ҷовидон барои гиромӣ доштани хотираи фавтидагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулҳо гузоштанд.

«Ин фаромӯшношуданӣ аст, яъне хеле хурсандам, ки раҳпаймоӣ баргузор шуд, – мегӯяд Фурқат, сокини пойтахт. – Ман бо писаронам омадам, ин бошад, сурати бобоҳоям аст», – нишон медиҳад ӯ аксҳои сиёҳу сафедро.

На ҳамаи ба раҳпаймоӣ омадагон ба дар чорчӯба гирифтани аксҳои гузаштагони худ, ки дар ҷанг ҳалок шудаанд, фурсат ёфтаанд, лекин қариб 80 фоизи иштирокдорон дар дастҳояшон сурат доштанд.

«Мо тамоми раҳпаймоиро паймудем, ҳанӯз субҳ ҷамъ омада будем, – мегӯяд Ирина, сокини пойтахт. – Ман бо шавҳарам омадам. Дар оилаи мо ман ва ҳамсарам низ наздиконамон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок шудаанд. Мутаассифона, бобоҳои мо аз ҷанг барнагаштанд ва мо ҳеҷ гоҳ ба дидори онҳо нарасидем. Имрӯз ман вақте шахсонеро дидам, ки наздиконашон ҳоло дар ҳаётанд, хеле зиёд гиря кардам. Худованд ба умрашон барака диҳад!».

Ҳукуматдорони пойтахт дар ниҳояти кор ба баргузории аксияи «Полки абадӣ» расман иҷоза надода, лекин монеъа ҳам нашуданд. Нахуст зикр гардид, ки вохӯрӣ назди танк, сипас хабар доданд, ки он назди Театри лӯхтак баргузор мешавад, дар ниҳояти кор мардум назди Боғи Ғалаба гирд омаданд.

Соли гузашта бо вуҷуди иҷозаи расмӣ надоштан ба баргузории раҳпаймоӣ, ба ҳар ҳол он доир гардид. Лекин қобили зикр аст, ки соли гузашта дар раҳпаймоӣ шумори иштирокдорон нисбат ба имсол камтар буд, мегӯянд шоҳидон.

Айни замон дар Тоҷикистон 345 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Дар ВМКБ – 4 нафар, вилояти Суғд – 102, Хатлон – 136, Душанбе – 46 ва ноҳияҳои тобеи марказ – 66 нафар собиқадрони ҷанг зиндагӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.