Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Date:

АНОНС

– Дар қаҳвахонаи The Place in Dushanbe (кӯч. Деҳи Боло 193) барои дӯстдорону мухлисони кино чорабинӣ доир мегардад. Оғоз соати 19:00.

Нишастҳои матбуотии Вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳои кишвар оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018:

– Нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нав соати 9 дар маҷлисгоҳи Вазорати мазкур гузаронида мешавад.

– Роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ соати 9 бо намояндагони ВАО дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мулоқот мекунанд.

– Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳот соати 9 дар толори ММҶ «Ховар» баргузор мешавад.

– Роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соати 9 бо намояндагони ВАО дар маҷлисгоҳи Агентии мазкур мулоқот мекунад.

– Нишасти матбуотии МД «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» соати 11 дар толори ММҶ «Ховар» гузаронида мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4200 сомонӣ;

1 евро – 11.0459 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1509 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1936 – Ифтитоҳи театри вилоятии мусиқиву драмавӣ дар шаҳри Хоруғ.

1964 – Бори нахуст барномаҳои радиои «Маяк» пахш шуданд («Подмосковные вечера»).

1997 – Дар Душанбе Комиссияи оштии миллӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

1997 – Маҷлиси Олии ҶТ Қарор «Дар бораи афви иштирокчиёни даргириҳои сиёсӣ ва низомӣ»-ро қабул намуд.

2011 — Дар назди Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Муассисаҳои давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон» таъсис дода шуданд.

1923-2002 – Зодрӯзи олими филолог, академик Раҷаб Амонов.

1936 – Мавлуди олими адабиётшинос Чобулко Додалишоҳ.

1939 – Зодрӯзи файласуф, профессор Ёқуб Одинаев.

1943 – Мавлуди доирадаст, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шарифҷон Орифов.

1944-1995 – Зодрӯзи оҳангсоз Юнис Мамедов.

1948-1998 – Мавлуди рассом Абдулҳамид Қодиров.

1951 – Зодрӯзи мутахассиси урология Исматулло Нусратуллоев.

1951 – Мавлуди Акбаршо Искандаров, арбоби давлатӣ.

1954 – Зодрӯзи рассом Ҷонибек Асозода.

1958 – Мавлуди журналист Мирзосафар Ризвонов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +20+25.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +27+32.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +11+16, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона +2+7, рӯзона +13+18.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +35+37.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +28+30.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...