Аз обуҳавои пурчангу ғубор одамони бемори диққи нафас бештар азият мекашанд

Муддати ду рӯз аст, ки шаҳри Душанберо обуҳавои пурчангу ғубор фаро гирифта, он  ба вазъи солимиии одамон, бахусус нафароне, ки аз диққи нафас азият мекашанд, таъсири зиёд дорад. Табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрӣ Шоимгул Сабурова барои эмин нигоҳ доштани худ аз зарари чунин обуҳаво дар суҳбат ба АМИТ “Ховар” изҳор доштааст, ки: «Нафароне, ки   бемории […]

АМИТ “Ховар”

Муддати ду рӯз аст, ки шаҳри Душанберо обуҳавои пурчангу ғубор фаро гирифта, он  ба вазъи солимиии одамон, бахусус нафароне, ки аз диққи нафас азият мекашанд, таъсири зиёд дорад.

Табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрӣ Шоимгул Сабурова барои эмин нигоҳ доштани худ аз зарари чунин обуҳаво дар суҳбат ба АМИТ “Ховар” изҳор доштааст, ки:

«Нафароне, ки   бемории бодигармӣ (аллергия), диққи нафас ва диққи нафаси қалбӣ доранд, дар чунин вазъи ҳаво бештар азият мекашанд.   Аз ин рӯ чунин шахсонро мебояд, ки эҳтиёт кунанд ва дар чунин рӯзҳо аз ниқоб истифода баранд».

Ба гуфтаи мутахассис, он нафароне, ки аз ин гуна бемориҳо азият мекашанд, хубтар мешуд дар ин рӯзҳо  ба берун набароянд.

Сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди  ҳукумати  Ҷамила  Байдуллоева ба АМИТ “Ховар” хабар додааст, ки чангу ғуборе, ки дар  ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст, аз минтақаи шимоли  Афғонистон ва Туркманистону  Ӯзбекистон ворид шудааст.

Бино ба иттилои ӯ, сабаби  чангу ғуборолуд шудани ҳаво – набудани боришоти тӯлонӣ  дар минтақаи шимолии  Афғонистон ва  бархе давлатҳои ҳамсоя буда, ин ҳолат сабаби шиддат гирифтани шамол ва ҳаракат кардани чангу ғубор аз ин минтақаҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

 «Чунин вазъи боду ҳаво  то охири рӯз  боқӣ мемонад. Эҳтимол  аст, ки пагоҳ бинобар дар минтақаҳои  кӯҳӣ боридани борон  чангу ғубор  қатъ ё  суст гарданд», — зикр намудааст Ҷамила Байдуллоева.

Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба шаҳрвандон   муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки ҳангоми кор дар саҳро дар чунин вазъи обюуҳаво эҳтиёткор буда, аз ҷамъоварии ҳезум ва шикор  дар доманакӯҳҳо худдорӣ намоянд.

Инчунин  Кумита ронандаҳо, кӯҳнавардон ва  нафаронеро, ки бо дучарха ба саёҳат мебароянд, огоҳ кардааст, ки дар ҳолати ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ   дар ин рӯзҳо  эҳтиёткор бошанд, чунки ин рӯзҳо  имконияти сангрезӣ дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.