Пирӯзии журналисти «Азия-Плюс» дар озмуни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз озмуни журналистон барои инъикоси масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо, ки ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офот бахшида шуда буд, натиҷагирӣ шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, ташкилкунандаи озмун КҲФ буда, он бо дастгирии Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ ва Хазинаи кӯдакони СММ – ЮНИСЕФ дар […]

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз озмуни журналистон барои инъикоси масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо, ки ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офот бахшида шуда буд, натиҷагирӣ шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, ташкилкунандаи озмун КҲФ буда, он бо дастгирии Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ ва Хазинаи кӯдакони СММ – ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳандозӣ шуд.

Муовини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-майор Рустам Шоҳиён рӯзноманигоронеро, ки сазовори ҷойҳои аввал шуданд, муборакбод карда, ба онҳо ҷоизаҳо ва диплом супурд. Ҳамчунин рӯзноманигоронро намояндагони Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ва Хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ табрик намуда, ҳамзамон муҳим  будани кори ВАО оид ба иттилоърасонӣ ба аҳолиро қайд карданд.

Ба озмун 35 маводи электронӣ:  видео, аудио ва маводҳои интишоршуда дар шабакаҳои Интернет ворид шуд. Интихоби маводҳо барои ҷоиза ба уҳдаи Иттиҳоди журналистони кишвар вогузор шуда буд ва раиси ҳакамони озмун Зиннатулло Исмоилзода буд.

Дар бахши “Беҳтарин гузориши телевизионӣ” Вера Исмоилова, сармуҳаррири ширкати телевизионии “МИР” ғолиб дониста шуд.

Дар бахши “Гузориши хуби радиоӣ” ҷоиза насиби корманди радиои “Садои Душанбе” Сурайёи Шуҷоат шуд.

Саодат Раҳимӣ – намояндаи нашрияи “Азия-плюс” шоистаи ҷоиза дар бахши маводҳои беҳтарин дар рӯзномаҳо гардид.

Гуфта мешавад, ҳадафи баргузории озмун таблиғи фаъолиятҳо дар бахши коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар кишвар буд. Ҳамасола бар асари ҳодисаҳои фавқулодда, офатҳои табиӣ ва техногенӣ садҳо нафар зарар мебинанд. Аммо роҳандозии барномаҳои коҳиши хатари офатҳо имкон медиҳанд, ки одамон барои пешгирӣ аз офатҳо бештар омода бошанд. Ин гуна омодагиҳо ва омӯзишҳо муҷиби он мешаванд, ки хатари офот коҳиш ёбад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз сӯйи дигар ташкилкунандагони озмун ҳадаф доштанд, ки ба аҳолӣ аз тариқи расонаҳои хабарӣ оид ба фоъолиятҳои КҲФ ва ҳамаи сохторҳое, ки шомили Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар мебошанд, иттилоъ расонанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.