Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки ба сафи мақомот шахсони тасодуфӣ роҳ наёбанд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик, ки санаи 10 ноябр дар Душанбе доир гардид, аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ изҳор намуд. Сарвари давлат қайд кард, ки мувофиқи маълумоти оморӣ, тайи 10 соли охир мизони ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. “Дар даҳ соли […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик, ки санаи 10 ноябр дар Душанбе доир гардид, аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ изҳор намуд.

Сарвари давлат қайд кард, ки мувофиқи маълумоти оморӣ, тайи 10 соли охир мизони ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

“Дар даҳ соли охир шумораи содиршавии ҷиноятҳо афзоиш ёфта истодааст. Масалан, агар соли 2008 дар мамлакат камтар аз 12 ҳазор ҷиноят содир шуда бошад, ин рақам соли 2017 зиёда аз 22 ҳазорро ташкил додааст. Танҳо дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ қариб 17 500 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Яъне дар даҳ соли охир шумораи ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда қариб ду баробар афзудааст”, – гуфт Президент.

Ба гуфтаи Президент, дар солҳои 2017-2018 дар роҳҳои кишвар қариб 2300 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 721 нафар ба ҳалокат расида, 2370 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, маъюб шудаанд, яъне 721 оила мотамзадаву бадбахт шуда, ҳазорон кӯдакон ятим гардидаанд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо ба дӯши давлат меафтад.

Дар робита ба содир шудани ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон Сарвари давлат изҳор дошт, ки “агар дар соли 2017 аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 690 ҷиноят содир гардида бошад, дар 9 моҳи соли ҷорӣ, аллакай, аз ҷониби онҳо 734 ҷиноят содир шудааст”.

“Солҳои охир содир кардани ҷиноятҳои авбошии ашаддӣ, яъне бо истифода аз корд ва олоти дигар бештар ба мушоҳида расида, задухӯрдҳои гурӯҳии байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва наврасону ҷавонон боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидаанд, – иброз дошт Президент. – Вале дар ҷараёни тафтиши чунин парвандаҳо мақомоти тафтишот на ҳамаи иштирокчиёни ҷиноятро муайян ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашанд, ки ин ҳолат боиси аз ҷавобгарӣ дур мондани ҷинояткорон ва аз нав ба ҷиноятҳои вазнин даст задани онҳо мегардад”.

Дар ин самт Президенти мамлакат зарур донист, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд корро дар ин самт пурзӯр намуда, ҳамкориро бо муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон тақвият бахшанд, содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳоро дар байни ноболиғон пешгирӣ намоянд ва ба масъалаи тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ бо масъулияти баланд муносибат кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ аз бисёр ҷиҳат аз сатҳи омодагии касбӣ ва сифатҳои шахсии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вобастагӣ дорад, вале тавре аз таҳлилҳо бармеояд, то ҳол дар сафи ин мақомот баъзе шахсони тасодуфӣ фаъолият менамоянд.

“Ҳолатҳои зикршуда тақозо мекунанд, ки роҳбарони вазорат ва сохторҳои он ба масъалаи интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, сатҳи баланди касбият ва маърифатнокӣ, садоқат ба Ватан, сифатҳои инсонӣ ва вазъи рӯҳиву равонии онҳо эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, интихоби кормандонро шаффоф ва тавассути озмунҳо анҷом диҳанд, пайваста аттестатсияи кормандонро гузаронида, ба сафҳои мақомот роҳ ёфтани шахсони тасодуфиро пешгирӣ намоянд”, – таъкид дошт Сарвари давлат.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.