Дастури Рустами Эмомалӣ доир ба таъсиси беш аз 17 ҳазор ҷойҳои корӣ дар зарфи 3 сол

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳоро оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2021 дар пойтахт тасдиқ намуд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт иттилоъ дод, мувофиқи нақшаи мазкур давоми солҳои 2018-2021 дар Душанбе беш аз 4 ҳазор иншооти таъиноти […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳоро оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2021 дар пойтахт тасдиқ намуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт иттилоъ дод, мувофиқи нақшаи мазкур давоми солҳои 2018-2021 дар Душанбе беш аз 4 ҳазор иншооти таъиноти саноатӣ, савдо, маишӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш ба истифода дода мешаванд.

Дар иншооти зикршуда маҳсулоти қаннодӣ, маснӯоти бофандагиву дӯзандагӣ, таҷҳизоти маишӣ ва дигар навъи маҳсулот истеҳсол хоҳад шуда, дар ин корхонаҳо ба сурати умум беш аз 17 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои шаҳр дастур дод, ки аз ҷараёни иҷрои нақшаи мазкур ҳар семоҳа аз натиҷаи корҳои иҷрошуда маълумот пешниҳод намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.