Эҳтимоли бори навбатӣ иваз шудани рақамҳои давлатии мошинҳо дар Тоҷикистон

Айни замон дар Тоҷикистон намунаи рақамҳои давлатии бақайдгирии автомашинаҳо бо чор рақам амал мекунанд, ки соли 2014 ҷорӣ шуда буданд. Мутобиқи маълумоти тариқи сомонаи ВКД Тоҷикистон нашршудаи Раёсати БДА, имрӯз чунин рақамҳои бақадгирии автомашинаҳо аллакай кофӣ нест. Аз ин рӯ, Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон бо пешниҳоди ҷорӣ намудани рақамҳои нави давлатии бақайдгирии автомашинаҳо бо се […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Айни замон дар Тоҷикистон намунаи рақамҳои давлатии бақайдгирии автомашинаҳо бо чор рақам амал мекунанд, ки соли 2014 ҷорӣ шуда буданд.

Мутобиқи маълумоти тариқи сомонаи ВКД Тоҷикистон нашршудаи Раёсати БДА, имрӯз чунин рақамҳои бақадгирии автомашинаҳо аллакай кофӣ нест.

Аз ин рӯ, Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон бо пешниҳоди ҷорӣ намудани рақамҳои нави давлатии бақайдгирии автомашинаҳо бо се рақам ба Агентии “Тоҷикстандарт” муроҷиат намудааст.

То ин дам дар мавриди ин масъала қарор қабул нашуда, Раёсати БДА рақамҳои бақайдгирии намунаҳои пешинаро медиҳад.

То соли 1996 дар Тоҷикистон барои автомашинаҳо рақамҳои давлатии меъёри шӯравӣ истифода мешуд. Сипас рақамҳои давлатии монанд ба русиягӣ пайдо шуданд. Фарқи ягона он буд, ки дар катаки минтақа ба ҷойи «RUS» ва парчами Русия бо ҳарфҳои хурд “РТ” навишта шуда, тасвири парчам вуҷуд надошт.

Соли 2009 дар рақамҳо парчами Тоҷикистон ва рамзи автомобилӣ «TJ» пайдо шуда, рамзи (коди) минтақа дигар дар катаки (равзанаи) алоҳида навишта намешуд. Он замон ҳарфҳо нисбат ба рақамҳо хурдтар буданд.

Соли 2014 аломатҳои рақам боз тағйир ёфтанд: андозаи ҳарфҳо ба рақамҳо баробар шуд. Ҳамон сол аломатҳои нави рақамҳои чипдор барои автомашинаҳо ҷорӣ шуд, ки дар онҳо доир ба автомашина ва соҳиби он маълумот вуҷуд дошт. Он замон “Тоҷикстандарт” онро ба рӯйхати аломатҳои рақамии Тоҷикистон дохил намуд.

Дар шарҳи ҷорӣ гардидани рақамҳои чипдор ҳамон вақт “Тоҷикстандарт” қайд карда буд, ки он ба пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар доираи лоиҳаи “Шаҳри бехатар” мусоидат менамояд.

Лекин ба гуфтаи як манбаъ дар ВКД ҷумҳурӣ, ки нахост ному насабаш ифшо гардад, иқдоми “насб”-и чипҳо ба рақамҳои автомашинаҳо хеле серхароҷот омадааст.

Барои муайян кардани рақамҳо насби таҷҳизоти иловагӣ дар камераҳои видеоӣ ва таъмини нозирони БДА бо дастгоҳҳои ҳисобкун талаб мешуд, ки дар миқёси тамоми кишвар сурат нагирифт. Айни замон рақамҳои ба автомашинаҳо додамешуда чип надоранд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.