Нарх дар кӯдакистонҳои Душанбе 10 сомонӣ зиёд шуд

Чанде аз падару модарон ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки ба масъалаи аз 1 январ боло рафтани нарх дар кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе расидагӣ намоем. “Дар кӯдакистон гуфтанд, ки бо қарори ҳукумат аз 1 январ нарх дар кӯдакистонҳо аз 100 то ба 110 сомонӣ афзуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” яке аз волидони кӯдакон, […]

Чанде аз падару модарон ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки ба масъалаи аз 1 январ боло рафтани нарх дар кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе расидагӣ намоем.

“Дар кӯдакистон гуфтанд, ки бо қарори ҳукумат аз 1 январ нарх дар кӯдакистонҳо аз 100 то ба 110 сомонӣ афзуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” яке аз волидони кӯдакон, сокини пойтахт Раҷабмо Шарипова ва ҳамчунин зикр кард, ки ба иловаи 110 сомонии маблағи тасдиқшуда онҳо боз 20-30 сомонии дигар ба мураббиён пардохт мекунанд.

Дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” дар ин робита шарҳ доданд, ки болоравии арзиши хизматрасониҳо дар кӯдакистонҳо ба афзоиши ҳаҷми нишондиҳандаи ҳисоб вобаста аст.

“Мувофиқи қарор, маблағи пардохти пули тарбия ва нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои давлатии томактабии пойтахт ба ду нишондиҳандаи ҳисоб баробар аст. Аз 1 январ 1 нишондиҳанаи ҳисоб дар Тоҷикистон аз 50 то 55 сомонӣ боло рафт, аз ин рӯ нарх дар кӯдакитсонҳо низ 110 сомонӣ шуд”, – хабар дод корманди раёсати мазкур Абдураҳим Каримов.

Дар Раёсат ҳамчунин дигар навъҳои пардохтро инкор намуда, қайд карданд, ки қонуншиканон дар ин мавридҳо муҷозот мешаванд.

“Дар муассисаҳои давлатии томактабӣ касе ба талаби пардохти маблағи зиёдтар аз тасдиқшуда, яъне 110 сомониро надорад. Дар ҳамаи муассисаҳо нусхаи қарор овехта шуда, дар он маблағи пардохт нишон дода шудааст. Баъзан худи волидон барои мураббиён ҳар кадоме 20 сомонигӣ ҷамъоварӣ намуда, сипас шикоят мекунанд. Дар ҳолати ошкор шудани чунин ҳолатҳо, мо гунаҳкоронро ҷазо медиҳем”, – илова намуд Абдураҳим Қаҳҳоров.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе беш аз 90 муассисаҳои томактабии давлатӣ ва зиёда аз 30 чунин муассисаҳои хусусӣ ва зертобеъи корхонаву ташкилотҳо фаъолият доранд. Дар кӯдакистонҳои хусусӣ маблағи пардохти хизматрасониҳо аз 200 то 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.