Рустами Эмомалӣ санҷиши фаъолияти молии шаҳрдориро дархост намуд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дархост намуд, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти шаҳрдорӣ дар соли 2018 мавриди санҷиш қарор дода шавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, дархост бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дархост намуд, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти шаҳрдорӣ дар соли 2018 мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, дархост бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фиристода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи январи соли гузашта низ Рустами Эмомалӣ ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявии хоҷагидории мақомоти шаҳрдорӣ дар соли 2017 ба Агентии мазкур дархост ирсол карда буд.

Он замон ӯ дархост намуда буд, ки ба масъалаи арзу шикояти шаҳрвандон дар мавриди азхудкунии воситаҳои буҷет дар мқомоти шаҳрдорӣ, бахусус дар доираи амалисозии лоиҳаи “Сохтмони манзили дастрас” рӯшанӣ андохта шавад.

Баъдан масъалаи хароҷоти воситаҳои буҷет дар 69 иншооти мавриди сохтмон қарордошта ва қаблан мавриди истифода қароргирифта санҷида шуда, дар ин иншоот ба маблағи умумии 7,8 млн. сомонӣ ҳолатҳои изофанависӣ ошкор шуданд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.