Шикасти мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон аз “Истиқлол”

Дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) рӯзи 8 январ бо қаҳрамони мавсими гузаштаи Лигаи олии футболи мамлакат – тими “Истиқлол”-и Душанбе бозии санҷишӣ доир намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, бо ҳисоби 4 бар 1 ба фоидаи футболбозони “Истиқлол” анҷом ёфт. […]

Дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) рӯзи 8 январ бо қаҳрамони мавсими гузаштаи Лигаи олии футболи мамлакат – тими “Истиқлол”-и Душанбе бозии санҷишӣ доир намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, бо ҳисоби 4 бар 1 ба фоидаи футболбозони “Истиқлол” анҷом ёфт.

Барои истиқлол ин нахустин бозии санҷишӣ таҳти раҳбарии сармураббии нав Ҳаким Фузайлов дар доираи омоадгӣ ба мавсими нав маҳсуб меёбад.

Имрӯз, 9 январ мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон пеш аз сафар ба Қатар ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байнулмилалии “Чор миллат” (15-23 январ) машқҳои ниҳоии худро баргузор менамояд.

Дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа футболбозони тоҷик санаи 15 январ – бо дастаи Эрон, 18 январ – бо тими Қатар ва 21 январ – бо дастаи Кувейт рақобат мекунанд. Ҳамаи вохӯриҳои мусобиқа дар майдонҳои Академияи «Aspire» дар Доҳа доир мегарданд.

Қобили зикр аст, ки иштирок дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) ба мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки аз 22 то 26 март дар Тошканд баргузор мешавад. Футболбозони мо дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Узбекистон (26 март) рақобат мекунанд.

Дар ин мусобиқа аз 44 дастаи мунтахаб ҳамагӣ 11 гурӯҳ ташкил шудааст. Мусобиқаи даври интихобӣ аз 22 то 26 марти соли оянда доир мегардад. Ғолибони гурӯҳҳо ва чор дастаи беҳтарини зинаи дуюми гурӯҳҳо ба даври финалӣ роҳ меёбанд. Мунтахаби Таиланд ба сифати мизбони мусобиқа сарфи назар аз натиҷаи даври интихобӣ дар мусобиқа иштирок хоҳад кард.

Се дастаи беҳтарини мусобиқаи Чемпионат Осиё-2020 оид ба футбол байни ҷавонон ба Бозиҳои олимпии-2020 дар Токио роҳхат мегиранд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.