Оҳангсози ҷавони тоҷик ғолиби озмуни байнулмилалии «Зебоӣ ва ҳамоҳангӣ дар эҷод»

Оҳангсози ҷавони тоҷик Соҳибҷон Ҳасанов дар Озмуни V байналмилалии «Зебоӣ ва ҳамоҳангӣ дар эҷод», ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ҷараён дорад, сазовори ҷойи аввал гардид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба раиси Иттифоқи оҳангсозони (композиторони) Тоҷикистон Хуршед Низомов, озмуни мазкур бо ибтикори  Вазорати фарҳанги кишвари Краснодари Федератсияи Россия  баргузор гардида истодааст. Гуфта […]

АМИТ «Ховар»

Оҳангсози ҷавони тоҷик Соҳибҷон Ҳасанов дар Озмуни V байналмилалии «Зебоӣ ва ҳамоҳангӣ дар эҷод», ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ҷараён дорад, сазовори ҷойи аввал гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба раиси Иттифоқи оҳангсозони (композиторони) Тоҷикистон Хуршед Низомов, озмуни мазкур бо ибтикори  Вазорати фарҳанги кишвари Краснодари Федератсияи Россия  баргузор гардида истодааст.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории Фестивал — Озмун мустаҳкам намудани робитаҳои фарҳангӣ байни давлатҳо, ташаккули истеъдодҳо, рушди соҳаи фарҳанг, навоварӣ, инчунин омӯзиши самтҳои нави малакаи бадеӣ-эҷодии композиторони ҷавон ва навозандагону гурӯҳҳои эҷодӣ-касбӣ мебошад.

Озмун аз рўи номинатсияҳои санъати овозхонӣ, санъати иҷрокунандагӣ, санъати рақс, санъати рассомӣ, санъати эстрадаю сирк ва Озмуни «Композитори ҷавон» доир гардида, дар бахши Озмуни «Композитори ҷавон»   намояндаи Тоҷикистон Соҳибҷон Ҳасанов ғолиби ҷойи аввал гардид.

Ёдрас мешавад, ки Соҳибҷон Ҳасанов хатмкунандаи Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев буда, айни ҳол тибқи бурсияи таълимии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар бахши сеюми факултаи композитории Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Краснодар таҳсил менамояд.

Зикр мегардад, ки номбурда шогирди яке аз композиторони маъруф, Раиси Иттифоқи композиторони кишвари Краснодар, Арбоби ҳунари Россия профессор Чернявский Владимир Андреевич мебошад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.