Имрӯз волидони Шуҳрат Улфатов, барои ба Тоҷикистон овардани фарзанди худ, ба Челябинск мераванд

Date:

Маҳмадшо Улфатов ва Тӯтихон Улфатова, волидони Шуҳрат Улфатов, ки дар таркиши бино дар шаҳри Магнитогорск осеб дид ва оилаашро аз даст дод, барои ба Тоҷикистон овардани фарзанди худ, ин бегоҳ ба шаҳри Челябинск мераванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Бахтиёр Султонов, яке аз пайвандони Шуҳрат Улфатов хабар дода, илова намуд, ки бо табибон маслиҳат шудааст ва онҳо иҷозат додаанд, ки Шуҳрат ба ватан оварда шавад.

Пайвандони Шуҳрат Улфатов мегӯянд, ки ӯ пас аз ба худ омадан пайваста ҳамсар ва фарзандонашро суроғ мекунад, аммо то ҳол касе ҷуръат пайдо накардааст, то ин хабари шумро ба Шуҳрат расонад.

“Шуҳрат вақти суҳбати телефонӣ ҳамеша ҳамсару фарзандони худро суроғ мекунад. Ӯ чанд маротиба хоҳиш намуд, ки гӯширо ба онҳо диҳем. Аммо мо ҳар дафъа баҳонаи гуногун пеш оварда, хоҳиши ӯро иҷро намекунем. Чун наметавонем гӯем, ки ҳамсару фарзандонашро аз даст додааст. Шояд худи волидонаш ин хабарро ба ӯ расонанд”,-гуфт Бахтиёр Султонов.

Қаблан Бахтиёр Султонов ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки табибон вазъи солимии Шуҳратро каме хуб арзёбӣ кунанд ҳам, огоҳ кардани ӯ аз хабари фоҷеанок ҳанӯз барвақт аст. Ин метавонад ба вазъи солимии ӯ таъсири манфӣ расонад.

Ба қавли ӯ, табибон хабар додаанд, ки вазъи солимии ӯ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, ӯро аз шуъбаи эҳёгарӣ ба палатаи умумӣ гузарондаанд ва дигар ҳеҷ ҷарроҳие нисбати Шуҳрат ба нақша гирифта нашудааст.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки масъалаи пардохти ҷубронпулӣ ба фавтидагон аз ҷониби ҳукуматдорони Русия ҳал шуда, ба онҳо ваъда додаанд, ки он пурра пардохт мешавад.

“Пеш аз сафар аз Магнитогорск ин масъаларо бо кормандони дастгоҳи шаҳр баррасӣ кардем. Гуфтем, ки барои ба хок супурдани фавтидагон ба Тоҷикистон меравем. Онҳо хабар доданд, ки баъди бозгашт аз Тоҷикистон ҷубронпулиро мегирем. Маблағи ҷубронпулӣ алҳол маълум нест”, – илова намуд Султонов.

Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи 31 декабр яке аз даромадгоҳҳои бинои баландошёна дар Магнитогорск фурӯ рехт. Фарзияи пешакии рух додани ҳодиса таркиши газ унвон мешавад. Бар асари он 48 манзил осеб дид.

Зимни амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотбахшӣ 45 нафар аз зери харобаҳо берун гирифта шудаанд, ки 39 нафарашон, аз ҷумла 6 нафар кӯдакон ҳалок ва 6 нафари дигар, аз ҷумла ду нафар кӯдакон наҷот дода шудаанд.

Соатҳои аввали рух додани ҳодиса 18 нафар, аз ҷумла падари хонаводаи Улфатовҳо аз Тоҷикистон – Шуҳрат Улфатов аз зери харобаҳо наҷот дода шуданд. Ҷасадҳои модари оила Раҷабмо ва се фарзанди хурдсоли ӯ баъди се рӯз дарёфт гардид ва ба Тоҷикистон оварда, ба хок супорида шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...