Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Хоруғ – Ишкошим барқарор шуд

Роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт пурра барқарор шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон. “Дирӯз, 24 январ баъди як ҳафта роҳ байни Хоруғ ва Ишкошим боз шуда, воситаҳои нақлиёт бо реҷаи муқаррарӣ равуо доранд. Айни замон алҳол эҳтимоли ҳодисаҳои нави тармафароӣ вуҷуд надошта, лекин дар қитъаҳои роҳ […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт пурра барқарор шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.

“Дирӯз, 24 январ баъди як ҳафта роҳ байни Хоруғ ва Ишкошим боз шуда, воситаҳои нақлиёт бо реҷаи муқаррарӣ равуо доранд. Айни замон алҳол эҳтимоли ҳодисаҳои нави тармафароӣ вуҷуд надошта, лекин дар қитъаҳои роҳ техникаи махсус машғули кор аст”, – хабар доданд аз Кумита.

Қобили зикр аст, ки ҳаракати нақлиёт дар ин роҳи мошингард рӯзи 17 январ бар асари тармафароиҳо дар қитъаҳои роҳ қатъ шуда буд. Ҳамон рӯз кормандони истифодабарии роҳ Мафтулбек Музофирбекови 40-сола ва падари ӯ – Ақризобек Музофирбекови 64-сола зери тарма монда, ҳалок шуданд.

Санаи 20 январ дар натиҷаи ҳодисаҳои тармафароӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд низ мудати як шабонарӯз қатъ гардида буд.

Дар маълумоти санаи 24 январ нашршуда дар сомонаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода зикр мегардад, ки барфрезиҳои чанд рӯзи охир тақрибан дар ҳама роҳҳои мошингард гаштугузори мошинҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кард.

Гуфта мешавад, ба шарофати заҳамоти пайвастаи кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, IRS, талоши ҳукуматҳои маҳаллӣ то ин замон қариб ҳама роҳҳо аз барфтӯдаҳо пок шудаву нақлиёт дубора ба ҳаракат даромад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.