Ваъдаи Хадамоти алоқа: нарх поину трафик зиёд ва сифат хуб мешавад

Дар ин хусус созишҳои дахлдор ҳосил шуда, таҷҳизоти зарурӣ харида шуд, хабар дод имрӯз, 28 январ зимни нишасти хабарӣ муовини роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев. “Соли гузашта ҳаҷми хати гузариш (пропускной канал)-ро аз 10 то ба 20 Гигабит зиёд кардем. Аллакай моҳи март он то 50 Гигабит меафзояд. Ҳамчунин дар ҳамин моҳ поинравии нархи […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Дар ин хусус созишҳои дахлдор ҳосил шуда, таҷҳизоти зарурӣ харида шуд, хабар дод имрӯз, 28 январ зимни нишасти хабарӣ муовини роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев.

“Соли гузашта ҳаҷми хати гузариш (пропускной канал)-ро аз 10 то ба 20 Гигабит зиёд кардем. Аллакай моҳи март он то 50 Гигабит меафзояд. Ҳамчунин дар ҳамин моҳ поинравии нархи интернет дар назар аст”, – қайд кард Атоев.

Бино ба гуфтаи номбурда, нархгузорӣ ба интернет аз арзиши транзити он вобаста аст. “Масалан, дар Ӯзбекистон низ нархи интернет мисли мо аст. Интернети ба Тоҷикистон аз Русия меояд ва то расидан ба мо Қазоқистону Қирғизистон нархи худро зам мекунанд. Аз ин рӯ, арзиши он баланд аст”, – илова намуд Атоев.

Аммо бо ишора ба сирри тиҷоратӣ дар бораи бо кадом нарх харидани интернет ва бо чӣ арзиш фурӯхтани он ба ширкатҳои мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет ӯ саҳеҳ маълумот надод.

Тибқи маълумоти сервиси интернетии ирландии Speedtest.net, аз лиҳози суръати интернет Тоҷикистон зинаи охир, 123-юмро ишғол мекунад. Аввали соли гузашта суръати интернети мобилӣ 5,72 Мбит/сонияро ташкил дода, моҳи ноябр то ба 4,8 Мбит/сония поин рафт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.