Сабти ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиён кам шуд

Шумори сабти ақди никоҳ байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ босуръат поин рафт, хабар доданд ба журналистон дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ. Бино ба маълумоти Вазорат, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 220 нафар тоҷикистониён бо шаҳрвандони хориҷӣ ақди никоҳ бастаанд. Сабаби инро дар Вазорат ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси оилаи Тоҷикистон дар соли 2011 нисбат […]

Шумори сабти ақди никоҳ байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ босуръат поин рафт, хабар доданд ба журналистон дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти Вазорат, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 220 нафар тоҷикистониён бо шаҳрвандони хориҷӣ ақди никоҳ бастаанд.

Сабаби инро дар Вазорат ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси оилаи Тоҷикистон дар соли 2011 нисбат медиҳанд, ки дар он барои ақди никоҳ бо хориҷиён маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои он вақт қабулшуда, шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати на камтар аз 1 сол иқомат кардан дар Тоҷикистон ва ҳатман ба имзо расонидани шартномаи ақди никоҳ, ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки бо шаҳрванди Тоҷикистчон (зан ё шавҳар) ақди никоҳ банданд. Ғайр аз ин, зан ё шавҳари хориҷӣ бояд барои ҳамсари худ дар Тоҷикистон хона харанд.

Дар Вазорати адлия бар ин назаранд, ки ин тағйироту иловаҳо ба Кодекси оила ба хотири ҳимоя аз ҳуқуқҳои занони тоҷик, ки асосан ба шаҳрвандон аз кишварҳои арабӣ ба шавҳар мебароянду баъзан қурбони ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон мешаванд, қабул гардиданд.

“Пас аз ҷорӣ шудани тағйироту идоваҳои зикршуда дар мавриди бастани ақди никоҳи тоҷикистониён бо шаҳрвандони кишварҳои ҳамҷавор низ, аз қабили Ӯзбекстону Қирғизистон ва Русия мушкилот рӯйи кор омад”, – зикр карданд дар Вазорати адлия.

Қобили зикр аст, ки ба ҷуз мардони маҳаллӣ, занону духтарони мо бештар бо зодагони кишварҳои ҳамсоя ақди никоҳ мебанданд.

Моҳи августи соли 2017 СММ аз Тоҷикистон даъват намуд, ки тағйироту иловаҳоро ба Кодекси оила, ки ҳуқуқҳои хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ, аз ҷумла муҳоҷиронро дар самти ақди никоҳ бастан бо занони тоҷик маҳдуд мекунад, бекор намояд.

Ба ақидаи коршиносон, чунин маҳдудиятҳо ҷиддӣ риоя нашудани ҳуқуқҳои заминавии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба итихоби ҳамсар мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.