Тоҷикистон боз ба сафи кишварҳои “ноозод” шомил шуд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё худ Хонаи Озодӣ 5 феврал гузориши худ – "Озодӣ дар ҷаҳон-2019"-ро нашр кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар гузориши нави Freedom House — "Озодӣ дар ҷаҳон – 2019. Демократия ақибнишинӣ мекунад" омадааст, ки вази ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар 68 кишвари ҷаҳон бадтар шудааст. […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё худ Хонаи Озодӣ 5 феврал гузориши худ – "Озодӣ дар ҷаҳон-2019"-ро нашр кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар гузориши нави Freedom House — "Озодӣ дар ҷаҳон – 2019. Демократия ақибнишинӣ мекунад" омадааст, ки вази ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар 68 кишвари ҷаҳон бадтар шудааст. Коршиносони созмон танҳо дар 50 кишвар беҳбудиро мушоҳида кардаанд.

Гуфта мешавад, муаллифон кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ (ОМ), Русия, Эрон, Озарбойҷон, Черногория, Сербистон ва Маҷористонро танқид кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин кишварҳо “дар таназзули 13-сола ва пайиҳами озодӣ дар саросари ҷаҳон мусоидат карданд”.

Қазоқистон ба монанди солҳои пешин дар қатори кишварҳои "ноозод" қарор дода шудааст. Се кишвари дигари ОМ – Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон низ ба сабаби беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон ҳамчун давлатҳои "ноозод" дар баробари Куриёи Шимолӣ, Сурия, Судони Ҷанубӣ, Эритрея, Судон, Либия ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ба гуруҳи "бадтарини бадтаринҳо" шомил гаштаанд.

Зикр мегардад, ки Freedom House баъзе аз комёбиҳои Ӯзбекистонро, ки пештар дар гуруҳи "бадтарини бадтаринҳо" қарор дошт, зикр кардааст. Дар гузориш аз беҳбудиҳое ситоиш шудааст, ки бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар ин кишвар рух додаанд. Ҳамчунин қайд шудааст, ки мақомоти Ӯзбекистон озод кардани маҳбусони сиёсиро идома дода, маҳдудиятҳоро барои созмонҳои ғайридавлатӣ камтар карданд.

Ягона кишвари Осиёӣ Марказӣ, ки дар гузориши Freedom House ба гуруҳи "қисман озод" шомил шудааст, Қирғизистон мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.