Вазорати молия буҷаи соли 2009-ро ба «буҷаи бӯҳронӣ» иваз мекунад

            Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати молияи Тоҷикистон барномаи идораи хазинаи давлатиро дар доираи андешидани чорабиниҳо нисбат ба бӯҳрони молӣ тасдиқ кард. Мутобиқи маълумоти гузориши имрӯз интишоргардида дар сомонаи вазорат www . minfin . tj , сарфи назар аз зимистони сарду бебарқ ва баланд будани нишондиҳандаҳои афзоиш дар соли гузашта, аввали соли равон […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати молияи Тоҷикистон барномаи идораи хазинаи давлатиро дар доираи андешидани чорабиниҳо нисбат ба бӯҳрони молӣ тасдиқ кард. Мутобиқи маълумоти гузориши имрӯз интишоргардида дар сомонаи вазорат



www

.

minfin

.

tj



, сарфи назар аз зимистони сарду бебарқ ва баланд будани нишондиҳандаҳои афзоиш дар соли гузашта, аввали соли равон нишонаҳои таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ баръало зоҳир гардида истодаанд.





           

Дар робита ба ин вазъ ва пешгирии оқибатҳои ногувори бӯҳрони молӣ Вазорати молия як қатор чораҳо андешидааст, ки онҳо иборатанд аз – танзими мутавозини буҷаи соли 2009 ва иваз кардани буҷаи соли 2009 ба буҷаи идоракунии бӯҳрон, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодии идораи хазинаи давлат, таъмини ҳифзи иҷтимоии қишри осебпазири аҳолӣ ва нигаҳдории сатҳи пешбинишудаи хароҷоти иҷтимоӣ ва ҳавсамандгардониву дастгирии бахшҳои афзалиятноки иқтисод.




           

Дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои мазкур вазоарт пешниҳод месозад, ки ба муҳити макроиқтисодӣ ва иҷрои қисмати даромади буҷа, муносибот бо ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ, талабот ба захираҳо ва чораҳои минбаъдаи макроиқтисодӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шавад.




           

Дар маҷмӯъ, чорабиниҳои дарозмуддатро Вазорати молия дар таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, афзудани талабот ба маҳсулоти дохилӣ, сармоягузорӣ ба рушди шахсият, озод кардани тиҷорат аз монеаҳои сунъиву маъмурӣ ва инкишофи низоми рушдёфтаи молиявӣ дар кишвар ва ғайра маънидод мекунад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.