Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бори нахуст дар доираи як сафари расмӣ вориди ИМА шуд. Дар фурудгоҳи Эндрюс Мирзиёевро аъзои ҳукумати ИМА пешвоз гирифтанд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар назар аст, ки имрӯз президенти Ӯзбекистон бо ҳамтои амрикоии худ Доналд Трамп дар Кохи сафед мулоқот мекунад. Баргузории гуфтугӯи ҷонибҳо дар ҳайати маҳдуд ва васеъ дар назар аст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин қарор аст, Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни ин сафар бо котиби давлатӣ Майк Помпео, вазири дифоъ Ҷеймс Мэттис ва аъзои конгресси ИМА мулоқот кунад.
Дар чаҳорчӯби сафари Мирзиёев ба ИМА баррасии вазъу кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ӯзбекистону ИМА дар назар буда, ҷонибҳо атрофи масоили муҳиму рӯзмарраи байнулмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар мекунанд.
Аз рӯи натиҷаҳои сафари расмӣ қабули Изҳороти муштараки сарони кишварҳо «Ӯзбекистон ва ИМА: оғози давраи нави шарикии стратегӣ» ва имзои бастаи иборат аз 40 санади таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун пешбинӣ шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.