Кумитаи кор бо занон ва оила хостори зиёд кардани синнусоли никоҳ барои духтарон аст

Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Хайринисо Юсуфӣ дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки тибқи маълумот, дар ҷумҳурӣ тайи се моҳи соли равон 1 ҳазору 509 оила никоҳи худро бекор кардаанд ва ин шумор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 178 адад […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Хайринисо Юсуфӣ дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки тибқи маълумот, дар ҷумҳурӣ тайи се моҳи соли равон 1 ҳазору 509 оила никоҳи худро бекор кардаанд ва ин шумор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 178 адад зиёд аст. «Сабаби асосии ҷудо гардидани оилаҳо дар барвақт ба шавҳар баромадани духтарон аст», – гуфт ӯ.




Ба гуфтаи Х.Юсуфӣ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии духтарон ва барпо сохтани оилаи оилаи комилу солим кумита ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки синнусоли иҷозати никоҳи духтарон болотар муқаррар карда шавад, зеро аз духтари бомаърифат оянда оилаи бомаърифат низ бунёд мегардад.



Дар ҳамин ҳол, дар зарфи се моҳи соли равон дар кишвар тамоили афзоиши бақайдгирии оилаҳои нав ба мушоҳида расидааст. Агар дар ҳамин давраи соли гузашта 24,2 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда бошад, пас ин рақам соли равон ба 26,5 ҳазор адад баробар шудааст.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.