Раиси Хатлон ба собиқадорони ҷанг 129 ҳазор сомонӣ ҷудо кард

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар бораи ҷудо намудани 129 ҳазор сомонӣ аз буҷети вилоят барои ҳавасмандсозии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ қарор ба имзо расонид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, ба муносибати ҷашни 74-умин солгарди Ғалаба бар фашизм ба ҳар кадоме аз иштирокчиён ва маъюбони ҷанги вилоят 1 ҳазору 500 сомонӣ […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар бораи ҷудо намудани 129 ҳазор сомонӣ аз буҷети вилоят барои ҳавасмандсозии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, ба муносибати ҷашни 74-умин солгарди Ғалаба бар фашизм ба ҳар кадоме аз иштирокчиён ва маъюбони ҷанги вилоят 1 ҳазору 500 сомонӣ кумаки молии якдафъаина ҷудо карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар вилояти Хатлон 86 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд.

Ҳамчунин аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ низ ба собиқадорони ҷанг кумак расонида хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.