Умедвории то 2,7 млрд. доллар афзудани даромади буҷет дар соли 2020

Қисмати даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2020 дар ҳаҷми наздики 26,2 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, гуфта мешавад дар дурнамои Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Нисбат ба ҳаҷми соли равон ин нишондиҳанда 10,5% ё худ 2,5 млрд. сомонӣ зиёдтар аст. Аз ҷумла ба даст овардани беш аз 19,3 млрд. аз ҳисоби даромадҳои ҷорӣ, зиёда аз 1,6 млрд. […]

Қисмати даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2020 дар ҳаҷми наздики 26,2 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, гуфта мешавад дар дурнамои Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Нисбат ба ҳаҷми соли равон ин нишондиҳанда 10,5% ё худ 2,5 млрд. сомонӣ зиёдтар аст.

Аз ҷумла ба даст овардани беш аз 19,3 млрд. аз ҳисоби даромадҳои ҷорӣ, зиёда аз 1,6 млрд. – аз ҳисоби воситаҳои махсус ва наздики 5,2 млрд. – аз ҳисоби қарзу грантҳо дар назар дошта шудааст.

Қисмати хароҷоти буҷет дар соли оянда дар ҳаҷми 26,5 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли ҷорӣ – 9,5% бештар мебошад.

Дар назар аст, ки соли оянда ҳудуди 19,1%-и хароҷоти буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ, 17,2% – ба соҳаи маориф, 15,2% – ба бахши ҳифзи иҷтимоӣ, 6,8% – ба соҳаи тандурустӣ ва 3,8% – ба бахши фарҳангу варзиш равона гардад.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли оянда дар ҳаҷми 82,7 млрд., касри буҷет – дар сатҳи 0,5% нисбат ба ММД, мизони таварум – 6,8%, қурби асъори миллӣ нисбати доллари ИМА – 10 ба 1 пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки таҳияи буҷет барои соли оянда ҳамасола моҳи сентябр ба итмом мерасад. Баъди аз ҷониби ҳукумат маъқул шуморида шудани нишондиҳандаҳои он, лоиҳа ба баррасии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ фиристода мешавад. Буҷет барои соли ояндаро парлумон маъмулан нимаҳои моҳи ноябр тасдиқ мекунад.

Даромад ба буҷети соли 2019 аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми наздики 23,8 млрд. сомонӣ ва хароҷот – беш аз 24,1 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.