Хуҷанд: бунёди шиногоҳи нав дар соҳили чапи дарёи Сир

Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода рӯзи 9 май ба корҳои сохтмонии маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир, канори хиёбони Раҳмон Набиев, паҳлӯи чойхонаи Сирдарё ҳусни оғоз бахшида шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдори сохтмону […]

Asia-Plus

Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода рӯзи 9 май ба корҳои сохтмонии маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир, канори хиёбони Раҳмон Набиев, паҳлӯи чойхонаи Сирдарё ҳусни оғоз бахшида шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдори сохтмону шаҳрсозӣ дастур дод, ки маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир ки алҳол ҳудуди он 300 метрро фаро мегирад, бо назардошти бунёди шиногоҳи нав, майдончаҳои бозии футболу волейбол ва теннис, пайроҳа, истгоҳи наклиётӣ, нуқтаҳои хизматрасонии обҳои ташнашикан, яхмос, дастгоҳҳои машқу тамрин ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои шаҳрвандон дар зудтарин фурсат бунёд карда шаванд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки ин мавзеъ дорои имкониятҳои хуби истироҳатӣ дошта, дар ояндаи наздик то ҳудуди беморхонаи шараёни дил соҳили дарёи Сир идома ёфта, ба мавзеъи бузурги истироҳатию фароғатии меҳмонону сокинони шаҳри Хуҷанд мубаддал гардонида мешавад ва ба ҳусни шаҳр таровати дигар мебахшад. Ҳамчунин барои ҷалби сайёҳони дохили хориҷӣ низ замина гузошта мешавад.

Гуфта мешавад, раиси вилоят ба роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дастур дод, ки ҷиҳати омода намудани шиногоҳ мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир тадбирҳо андешанд ва барои бехатарии шаҳрвандон бунгоҳи назоратӣ таъсис диҳанд.

Зикр мегардад, ки Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини шаҳрсозӣ ва мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру вилоят дастур дод, ки дар фурсати кӯтоҳтарин ду канори соҳили дарёи Сирро бо андозаи то 6 метр пурра аз иншооти гуногун тоза ва барои роҳраву машқу тамрини шаҳрвандон шароит муҳайё карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.