Пирӯзии оҳангсози ҷавони тоҷик дар озмуни байнулмилалӣ

Дар фестивал-озмуни XIV байнулмилалии “Ҳунар ҷаҳонро муттаҳид мекунад” дар шаҳри Сочи намояндаи Тоҷикистон зинаи аввалро ишғол намуд. Соҳибҷон Ҳасанов, хатмкардаи Мактаб-интернати миёнаи махсуси ҷумҳуриявии санъати ба номи Атоев дар бахши “Оҳангсози ҷавон” (синни 21-25-сола) мақоми аввалро касб кард. Ҳадаф аз баргузории озмун густариши ҳамкориҳои гуногуншакли фарҳангӣ байни халқҳо, мусоидат ба ташаккули ҳунармандони ҷавони боистеъдод ва […]

Asia-Plus

Дар фестивал-озмуни XIV байнулмилалии “Ҳунар ҷаҳонро муттаҳид мекунад” дар шаҳри Сочи намояндаи Тоҷикистон зинаи аввалро ишғол намуд.

Соҳибҷон Ҳасанов, хатмкардаи Мактаб-интернати миёнаи махсуси ҷумҳуриявии санъати ба номи Атоев дар бахши “Оҳангсози ҷавон” (синни 21-25-сола) мақоми аввалро касб кард.

Ҳадаф аз баргузории озмун густариши ҳамкориҳои гуногуншакли фарҳангӣ байни халқҳо, мусоидат ба ташаккули ҳунармандони ҷавони боистеъдод ва рушди фарҳангӣ инноватсионӣ, ҳамчунин омӯзиши самтҳои нави малакаҳои ҳунарӣ ва эҷодии оҳангсозони ҷавон ва дастаҳои касбии ҳунарӣ унвон мешавад.

Қаблан Соҳибҷон Ҳасанов дар озмуни байналмилалии “Зебоӣ ва ҳамоҳангӣ дар эҷод” низ дар бахши “Оҳангсози ҷавон” ғолиб гардида буд.

Соҳибҷон Ҳасанов айни замон тибқи гранти таълимии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар курси сеюми риштаи оҳангсозии Донишкадаи давлатии фарҳанги Краснодар таҳсили илм мекунад.

Ӯ шогирди яке аз оҳангсозони маъруфи Россия, раиси Иттифоқи оҳангсозони кишвари Краснодар, ходими фарҳанги Россия профессор Владимир Чернявский мебошад.

Ба гуфтаи Соҳибҷон, оҳангсозиро санъати худодод ҳам мегӯянд ва на ҳар кас метавонад оҳангсози хуб шавад.

“Оҳангсозӣ ғайр аз он, ки истеъдоди худодод аст, ҳамчунин заҳмати зиёдро талаб мекунад. Барои он, ки як оҳанг эҷод гардад, оҳангсоз чандин шабу рӯз заҳмат мекашад, андеша мекунад, ба хаёл фурӯ меравад. Баъзан мешавад, ки моҳҳои дароз як оҳангро эҷод мекунӣ, аммо дар як лаҳза ҳамаашро хат мезанӣ. Ба қавле, истеъдоди Худо додаро бояд бо омӯзишу тамрин сайқал дод. Он вақт оҳангсози хуб шудан мумкин аст”, – изҳор дошта буд ӯ дар як мусоҳиба бо хабарнигори “Азия-Плюс”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ