Вазъи солимии Осияи 6-сола рӯ ба беҳбудӣ овард

Тоҳир Зубайдов , мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхта, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки вазъи саломатии Осияи 6-сола беҳтар шуда, аммо ҳолати бемор то ҳол вазнин арзёбӣ мешавад ва дар шӯъбаи эҳёгарӣ  табобатро идома медиҳад. Зубайдов, илова кард, ки: – Осия ҳоло хуб суҳбат мекунад ва саломатиаш низ беҳтар аст. Ба назди бемор танҳо модар ва […]

Манзумаи Фирӯз, “Азия-Плюс”

Тоҳир Зубайдов , мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхта, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки вазъи саломатии Осияи 6-сола беҳтар шуда, аммо ҳолати бемор то ҳол вазнин арзёбӣ мешавад ва дар шӯъбаи эҳёгарӣ  табобатро идома медиҳад.

Зубайдов, илова кард, ки:

– Осия ҳоло хуб суҳбат мекунад ва саломатиаш низ беҳтар аст. Ба назди бемор танҳо модар ва янгаи ӯ медарояду халос. Дар мавриди ба аёдати Осия омадани наздикони ноболиғони гумонбар маълумоте надорам, чун ба ҳуҷраи бемор даромадан манъ аст. Шояд волидони ноболиғон ба назди падару модари Осия омада бошанд.

 

Ёдрас мешавем, ки ҳодиса рӯзи 19-июни соли равон рух додт. Се наврас хонандагони яке аз мактабҳои ҷамоати Чорякарони ноҳияи Рӯдакӣ буда, Осияро баста, ба либосаш оташ сар додаанд.

Сабабҳо ва омили ин амали ваҳшиёна то ҳол маълум нест ва мақомот низ ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот ҷузъиёти ҳодисаро ошкор накардаанд.

Қобили зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин ҳодиса изҳори нигаронӣ намуда, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷаро барои табобат ва нигоҳубин кардани ноболиғи мазкур вазифадор намудааст, ки табобати кӯдакро зери назорати қатъӣ гирад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.