ВКД ҳамсари бевамондаи корманди зиндони Ваҳдатро бо хонаи иҷора таъмин кард

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамсари бевамонда ва фарзандони корманди муассисаи ислоҳии №3/2 дар Ваҳдат Абдуҷаббор Ҳалимовро, ки ҳангоми ошӯб дар ин муассиса ҳалок шуд, бо хонаи иҷора таъмин кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” худи Сайёра Саидова хабар дод. Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон семоҳа пули иҷораи хона пардохт шудааст. “Алҳол намедонем, ки минбаъд […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамсари бевамонда ва фарзандони корманди муассисаи ислоҳии №3/2 дар Ваҳдат Абдуҷаббор Ҳалимовро, ки ҳангоми ошӯб дар ин муассиса ҳалок шуд, бо хонаи иҷора таъмин кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” худи Сайёра Саидова хабар дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон семоҳа пули иҷораи хона пардохт шудааст. “Алҳол намедонем, ки минбаъд кӣ пули иҷораи хонаро медиҳад”, – мегӯяд ӯ.

Ҳамчунин ба қавли ӯ, баъди муроҷиат ба “Азия-Плюс” ба онҳо кумаки молиявӣ низ расонида шудааст.

“Аз Вазорати маориф ва адлия ба аёдати мо омаданд”, – гуфт ӯ ва илова намуд, ки то ҳоло оилаашон ба сифати кумак наздики 25 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.

“Абдуҷаббор орзу дошт, ки духтараш табиб ва писаронаш прокурору ҳуқуқшинос шаванд”, – мегӯяд зан, ки айни замон маҳз барои таъмини таҳсили онҳо пул ҷамъ мекунад.

Сайёра Саидова изҳор мекунад, ки пас аз ҳалок шудани шавҳараш кӯдаконаш низ бемор шуда, дар маркази тиббии “Истиқлол” 10 рӯз муолиҷа гирифтаанд.

Қаблан пас аз нашри мусоҳибаи навори видео бо Сайёра корбарони сомонаи “Азия-Плюс” дар шарҳҳояшон дархост намуда буданд, ки суратҳисоби бонкии ин оиларо нашр созем, то ки кумакпулӣ гузаронанд. Сайёра суратҳисоби бонкӣ кушодааст, то ки хайрхоҳон мувофиқи имкон ба ӯ ва фарзандонаш кумак кунанд.

Ёдрас мекунем, ки ошӯбгарони муассисаи ислоҳии №3/2 дар Ваҳдат се корманди муассисаро куштанд. Миёни онҳо майори 36-сола Абдуҷаббор Ҳалимов низ ҳузур дошт, ки ҳамсару се фарзанд дошт.

Оила дар манзиле рӯ ба рӯи зиндон зиндагӣ мекард. Онҳо панҷ сол пеш аз Душанбе, ки Ҳалимов дар он ҷо дар як қисми ҳарбӣ хизмат мекард, ба ин ҷо кӯчидаанд. Дар Душанбе барои хонаи иҷора пулашон намерасид ва онро дар Ваҳдат бо нархи 400 сомонӣ дар як моҳ гирифтаанд. Баъдан хизматчии ҳарбиро ба кори наздиктар ба хонааш – муассисаи ислоҳии Ваҳдат гузаронидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.