Чин ба КҲФ Тоҷикистон ба маблағи 6 млн. доллар техника тақдим кард

Дар Душанбе маросими ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон тақдим кардани 127 номгӯи техника аз ҷониби Чин доир гардид. Маблағи умумии техникаи пешниҳодшуда – беш аз 6 млн. долларро ташкил медиҳад. Номгӯи техникаи ба таври ройгон тақдимшуда ба наҷотдиҳандагони тоҷик аз мошинҳои сайёри ҳамаҷогард, робот, қаиқ, булдозер ва ғайраҳо иборат аст. Ба туфайли […]

Asia-Plus

Дар Душанбе маросими ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон тақдим кардани 127 номгӯи техника аз ҷониби Чин доир гардид. Маблағи умумии техникаи пешниҳодшуда – беш аз 6 млн. долларро ташкил медиҳад.

Номгӯи техникаи ба таври ройгон тақдимшуда ба наҷотдиҳандагони тоҷик аз мошинҳои сайёри ҳамаҷогард, робот, қаиқ, булдозер ва ғайраҳо иборат аст.

Ба туфайли кумаки Чин, минбаъд дар КҲФ Тоҷикистон озмоишгоҳ (лаборатория)-и кимиёвӣ ба кор медарояд, ки тариқи он санҷиши сатҳи радиатсия дар ҳаво имконпазир мегардад.

Қобили зикр аст, ки чунин кумаки безургмиқёсро Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон қаблан ҳеҷ гоҳ нагирифта буд.

Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба ҷониби Чин барои кумак миннатдорӣ изҳор намуда, изҳори итминон кард, ки техникаи мазкур ба наҷоти ҳаёти одамон ҳангоми фалокатҳои табиӣ ва техногенӣ кумак хоҳад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.