Дархости ВКД аз ҳукумат ҷиҳати тамдиди сабти дубораи симкортҳо бо ID-шиносномаҳо

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон айни замон дар ҳукумат масъалаи дароз кардани муҳлати сабти дубораи симкортҳои муштариёни алоқаи мобилиро ба шиносномаи намунаи нав ба миён гузоштааст. Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки бо вуҷуди то соати 22:00 дароз кардани вақтии кории шуъбаҳои шиносномадиҳӣ, онҳо барои то […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон айни замон дар ҳукумат масъалаи дароз кардани муҳлати сабти дубораи симкортҳои муштариёни алоқаи мобилиро ба шиносномаи намунаи нав ба миён гузоштааст.

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки бо вуҷуди то соати 22:00 дароз кардани вақтии кории шуъбаҳои шиносномадиҳӣ, онҳо барои то муҳлати муқарраршуда ба ҳамаи шаҳрвандон додани ID-шиноснома фурсат намеёбанд.

“ Аз ин рӯ, ин масъаларо ҳозир бо Дастгоҳи иҷроияи президент баррасӣ дорем. Шояд муҳлат дароз шавад. Вақте ки маълум шуд, огоҳ мекунем”, – иброз дошт ӯ.

Вазир қайд кард, ки шиносномаҳои намунаи соли 1996 то охири муҳлаташон амал мекунанд, зеро амали онҳоро касе бекор накардааст.

“Шиносномаҳоми намунаи соли 1996 амалкунандаанд, инро касе бекор накардааст. Бо дастури ҳукумат, танҳо муштариёни ширкатҳои алоқаи мобилӣ бояд симкортҳояшонро бо ID-шиноснома дубора ба қайд гиранд”, – таъкид дошт вазир.

Зимнан зикр шуд, ки оид ба масъалаи ивази шиносномаҳо ҷаласаи махсус гузаронида шуда, ҳамаи масъала ва камбудиҳо баррасӣ шудааст.

“Чанде аз қонуншиканон аз мансабҳояшон барканор шуданд, ба бархе танбеҳ эълон кардем. Ҳамаи камбудиҳо дар шуъбаҳои шиносномадиҳӣ бартараф шуданд, ман ба шумо итминон медиҳам. Метавонед ба ҳар як шуъбаи шиносномадиҳӣ рафта, худатон бовар ҳосил намоед”, – илова кард Рамазон Раҳимзода.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар ҳолати саривақт иҷро нагардидани муҳлати қарор дар бораи ивази шиноснома ва сабти симкорт бо ID-шиносномаҳо , метавонад муҳлати он дароз карда шавад.

Бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми августи соли равон аз нав ба қайд гиранд.

Дар ин робита дар шуъбаҳои шиносномадиҳӣ навбатпойиҳои сершумору тӯлонӣ ба вуҷуд омад. ВКД расман изҳор намуд, ки дар як моҳ ҳамагӣ 50 ҳазор ID-шиноснома дода метавонад. Баъдан ВКД вақти кории шуъбаҳои шиносномадиҳиро то соати 22:00 дароз кард, то ки шаҳрвандон ба сабти дубораи симкортҳои худ то 15 август фурсат ёбанд.

Ҳамчунин бо ҳамин қарор ба шаҳрвандони Тоҷикистон доштани беш аз ду симкорт аз ҳамаи операторони мобилӣ манъ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.