Сафи тоҷикони хоҳишманди адои маросими ҳаҷ кам мешавад: имсол квота пур нашуд

Дар Тоҷикистон имсол квотаи ҷудошуда барои адои маросими ҳаҷ дар макони муқаддаси ислом пур нашуд. Квотаи ҷудошуда аз ҷониби Арабистони Саудӣ барои соли 2019 иҷро нашуд, хабар дод раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Сулаймон Давлатзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе. Арабистони Саудӣ имсол ба Тоҷикистон 5 ҳазор квота ҷудо намуда, лекин […]

Баҳманёр Нодиров

Дар Тоҷикистон имсол квотаи ҷудошуда барои адои маросими ҳаҷ дар макони муқаддаси ислом пур нашуд. Квотаи ҷудошуда аз ҷониби Арабистони Саудӣ барои соли 2019 иҷро нашуд, хабар дод раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Сулаймон Давлатзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе.

Арабистони Саудӣ имсол ба Тоҷикистон 5 ҳазор квота ҷудо намуда, лекин на ҳамааш истифода шуд, қайд кард Сулаймон Давлатзода. Шумори саҳеҳи зойирини имсола аз Тоҷикистон бо анҷоми маърака маълум мешавад.

Раиси Кумита камшавии таваҷҷуҳ ба адои маросими ҳаҷро ба вазъи номусоиди иқтисодии шаҳрвандон нисбат медиҳад.

“Баъзе хоҳишмандон худро номнавис мекунанд, вале аз иҷрои уҳдадории пардохти маблағ ё таҳияи ҳуҷҷатҳои дахлдор саривақт баромада наметавонанд. Ин асосан ба шароити иқтисодии шаҳрвандон вобаста аст. Пештар дар вилояти Суғд хоҳишмандони адои маросими ҳаҷ то соли 2025 навбат мегирифтанд. Тӯли солҳои охир дар ҳамон ҷо ҳам камшавии сафи онҳо ба назар мерасад”, – гуфт Сулаймон Давлатзода.

Соли равон арзиши ҳаҷ 35 ҳазору 138 сомонӣ ва соли гузашта 33,4 ҳазор сомониро ташкил дода буд. Соли 2018 беш аз 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати Хонаи Худо дар Арабистони Саудӣ мушарраф шуданд.

Шояд тоҷикистониён корҳои хайру эҳсон ва ободкориро дар дохили кишвар аз ҳаҷ афзалтар шуморанд. Сохтмони пулу майдонҳои варзишӣ, иншооти муҳофизат аз селу обхезӣ, таъмиру роҳу қабристонҳо ба ивази адои маросими ҳаҷ аллакай чандин сол дар Тоҷикистон роиҷ аст. Сарвари давлат ҳам ба ин корҳо даъват мекунад. Сокинон бо харҷи маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъкардаашон иншооти зикршударо месозанд.

Зойиринро бо гулҳо пешвоз гирифтанд.

Гурӯҳи аввали зойирини тоҷик санаи 22 июл бо ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ба Арабистони Саудӣ раҳсипор шуданд. Сухангӯи Кумитаи дин Афшин Муқим чанде аз аксҳои истиқболи зойирини тоҷикро дар Арабистони Саудӣ ба ихтиёрамон гузошт, ки дар зер манзуратон мегардонем.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.