Фавти ду тоҷикистонӣ зимни адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ

Зимни адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ ду шаҳрванди Тоҷикистон фавтиданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷумҳурӣ Афшин Муқим. “Ҳарду зойирин аз бемории сактаи қалб ҷон бохтанд. Синни ҳардуяшон қариб ба ҳафтод расида, ҷасадҳояшон дар Макка ба хок супурда шуд”, – қайд кард ӯ. Зимнан зикр шуд, як […]

Аваз Юлдошев

Зимни адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ ду шаҳрванди Тоҷикистон фавтиданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷумҳурӣ Афшин Муқим.

“Ҳарду зойирин аз бемории сактаи қалб ҷон бохтанд. Синни ҳардуяшон қариб ба ҳафтод расида, ҷасадҳояшон дар Макка ба хок супурда шуд”, – қайд кард ӯ.

Зимнан зикр шуд, як нафар аз ҳалокшудагон сокини шаҳри Ҳисор ва фавтидаи дигар истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мебошанд.

Бино ба гуфтаи котиби матбуотии Кумитаи дин, бозгашти зойирини точик ба ватан аз 18 август шурӯъ мешавад.

Соли ҷорӣ ҳудуди 5 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати макони муқаддаси Ислом мушарраф гардиданд. Соли 2018 беш аз 6 ҳазор нафар тоҷикистониён маросими адои ҳаҷро ба ҷо оварда буданд.

Қаблан раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Сулаймон Давлатзода ба журналистон иттилоъ дода буд, ки имсол квотаи ҷудошуда ба Тоҷикистон  барои адои маросими ҳаҷ дар макони муқаддаси ислом пур нашуд. Арабистони Саудӣ имсол ба Тоҷикистон 5 ҳазор квота ҷудо намуда, лекин на ҳамааш истифода шуд, қайд кард ӯ.

Раиси Кумита камшавии таваҷҷуҳ ба адои маросими ҳаҷро ба вазъи номусоиди иқтисодии шаҳрвандон нисбат дод.

“Баъзе хоҳишмандон худро номнавис мекунанд, вале аз иҷрои уҳдадории пардохти маблағ ё таҳияи ҳуҷҷатҳои дахлдор саривақт баромада наметавонанд. Ин асосан ба шароити иқтисодии шаҳрвандон вобаста аст”, – изҳор дошта буд Сулаймон Давлатзода.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.