Мансур аллакай дар Душанбе аст. Ӯ албоми навашро муаррифӣ мекунад

Овозхони маъруфи форсизабон Мансур Ҷаъфарӣ шаби гузашта ба пойтахти Тоҷикистон омад. Ӯ дар Dushanbe Summer Fest ҳунарнамоӣ мекунад, ки рӯзҳои 17-18 август дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” баргузор мешавад. Мансур барои сокинону меҳмонони Душанбе туҳфаи ҷолибе омода намудааст – дар доираи фестивал маросими муаррифии албоми нави ӯ доир мегардад. Пагоҳ, 16 август ӯ дар пахши мустақими барномаи […]

Asia-Plus

Овозхони маъруфи форсизабон Мансур Ҷаъфарӣ шаби гузашта ба пойтахти Тоҷикистон омад.

Ӯ дар Dushanbe Summer Fest ҳунарнамоӣ мекунад, ки рӯзҳои 17-18 август дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” баргузор мешавад.

Мансур барои сокинону меҳмонони Душанбе туҳфаи ҷолибе омода намудааст – дар доираи фестивал маросими муаррифии албоми нави ӯ доир мегардад.

Пагоҳ, 16 август ӯ дар пахши мустақими барномаи “Набзи рӯз” дар радиои Asia-Plus иштирок мекунад.

Рӯзи 17 август Мансур Ҷаъфарӣ дар чорабинии " Royal club Dushanbe" иштирок ва ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Айни замон Мансур дар ИМА зиндагӣ дошта, барои вохӯрӣ бо ҳаводоронаш бори сеюм аст, ки ба Тоҷикистон меояд. Бори охир соли 2011 ӯ аз Тоҷикистон боздид намуда буд.

Мансур Ҷаъфари Мамағонӣ овозхони форс ва амрикоӣ, оҳангсоз, актёр ва тарроҳ (моделйер) 8 июли соли 1971 дар Теҳрон чашм ба олмаи ҳастӣ кушодааст.

Сабти аввалин алобоми ӯ таҳти унвони Ferferehayeh Bi Baad зери лейбли «Caltex Records» соли 1994 ба анҷом расид.

Айни замон ӯ соҳиби 11 албоми шахсӣ аст. Ин яке аз сабтҳои охирини Мансур бо номи “Лаби сурх”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.