Бозии дӯстона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар майдони варзишии воқеъ дар қитъаи баҳсии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 23-юми сентябр бозии дӯстонаи футбол доир гардид. Дар он сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва деҳаи Максати ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон иштирок карданд.  Ҳайати дастаҳо аз ҳар ду ҷониб аз 5-нафарӣ иборат буд. Вохӯрӣ мусовӣ – бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт, иттилоъ медиҳад хабаргузории turmush.kg Зариф […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар майдони варзишии воқеъ дар қитъаи баҳсии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 23-юми сентябр бозии дӯстонаи футбол доир гардид. Дар он сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва деҳаи Максати ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон иштирок карданд. 

Ҳайати дастаҳо аз ҳар ду ҷониб аз 5-нафарӣ иборат буд. Вохӯрӣ мусовӣ – бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт, иттилоъ медиҳад хабаргузории turmush.kg

Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба футболбозон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, ҳокими ноҳияи Лайлак Боймурод Бекмуродов онҳоро бо мукофотпулӣ сарфароз гардонид.

Бозии футбол ба хотири таҳкими муносибатҳои дӯстона байни ду кишвар баргузор шуда, ба тарғиби пешбурди тарзи ҳаёти солим равона шудааст.

“Умедворем, ки рӯйдодҳои рӯзи 16 сентябр дар сарҳад дигар такрор нашуда, дар ин майдони варзишӣ мо ҳарчи бештар чорабиниҳои муштарак  мегузаронем. Имрӯз вазъ амну ором аст. Хизматчиёни ҳарбии хадамоти марзбонӣ сарҳадро посбонӣ карда, кормандони милитсия тартиботи ҷамъиятиро таъмин карда истодаанд”, – гуфт Боймурод Бекмуродов.

Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи низои шоми 16-уми сентябр дар мавзеи ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се афсару сарбози тоҷик ва як марзбони қирғиз ҷон бохтанд. Ба ҷуз ин, аз ҷониби Тоҷикистон панҷ низомӣ ва занону ду нафар кӯдак захмӣ шуданд. Дар бораи 13 нафар захмиён Вазорати тандурустии Қирғизистон низ хабар дод.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.