Ба муассисаҳои давлатии нақлиёти мусофирбари пойтахт 150 автобус дода шуд

            Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, 150 автобуси мусофирбари оғози соли равон аз Русия харидашуда ба тавозуни муассисаҳои нақлиёти мусофирбари пойтахт гузаронида шуд.             Чӣ тавре ки сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, 75 автобус ба ихтиёри корхонаи давлатии «Автобус-1», 35 адад […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, 150 автобуси мусофирбари оғози соли равон аз Русия харидашуда ба тавозуни муассисаҳои нақлиёти мусофирбари пойтахт гузаронида шуд.





           

Чӣ тавре ки сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, 75 автобус ба ихтиёри корхонаи давлатии «Автобус-1», 35 адад ба корхонаи давлатии «Автобус-2» ва 40 автобус ба корхоани давлатии «Автобус-3» дода шуд. «Раиси пойтахт супориш дод, ки нақлиёти мусофирбар аз рӯи таъинот танҳо баҳри қонеъ сохтани эҳтиёҷоти аҳолӣ ва меҳмонони пойтахт ба нақлиёти мусофирбар истифода бурда шавад», – гуфт сухангӯи раиси пойтахт.




           

Ба қавли Ш.Саидов, нисфи автобусҳои дастрасшуда бо газ ва боқимонда бо бензин кор мекунанд. Барои дастрас кардани ин миқдор автобус аз буҷаи шаҳри Душанбе ҳудуди 5 млн. долллари ИМА масраф гардидааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.