ВКХ ва БДА қоидаҳои амалкунандаи ҶТ оид ба ҳаракати нақлиёт дар роҳро ба дипломатҳои хориҷӣ шарҳ доданд

            Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Вазорати умури хориҷии ҶТ бо иштироки мақомоти раҳбарии Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе вохӯрии директори генералии КВД «Тоҷдипсервис» Ардашери Қодирӣ бо намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои ба он баробаршуда баргузор шуд.             Чӣ тавре ки аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Вазорати умури хориҷии ҶТ бо иштироки мақомоти раҳбарии Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе вохӯрии директори генералии КВД «Тоҷдипсервис» Ардашери Қодирӣ бо намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои ба он баробаршуда баргузор шуд.





           

Чӣ тавре ки аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқот масъалаи аз ҷониби намояндагони корпусҳои дипломатӣ риоя кардани қоидаҳои амалкунадаи ҳаракат дар роҳ дар ҶТ мавриди баррасӣ қарор гирифт.




           

А.Қодирӣ аз намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки ба риояи қоидаҳои муқаррашудаи ҶТ дар бораи ҳаракат дар роҳ таваҷҷӯҳи хос зоҳир созанд ва новобаста аз шаҳрванди кишвари хориҷӣ буданашон, дар сурати дуруст будани талаботи кормандони БДА, ба онҳо итоат намоянд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.