ҶСК «Телерадиоком» танҳо пас аз пардохти қарз аз ҷониби ширкати телевизиону радиои Русия сари мизи гуфтушунид менишинад

10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мавриди интишори изҳороти мақомоти раҳбарии Ширкати давлатии телевизиону радиои Русия оид ба барқарор сохтани пахши барномаҳои шабакаи «РТР-Планета» дар қаламрави Тоҷикистон мудири кулли Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» Сӯҳроб Алиев изҳор дошт, ки онҳо дар ин хусус ҳеҷ номаи расмие нагирифтаанд. С.Алиев мегӯяд, ҶСК «Телерадиоком» танҳо пас аз пардохти қарз […]

Виктория Наумова


10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мавриди интишори изҳороти мақомоти раҳбарии Ширкати давлатии телевизиону радиои Русия оид ба барқарор сохтани пахши барномаҳои шабакаи «РТР-Планета» дар қаламрави Тоҷикистон мудири кулли Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» Сӯҳроб Алиев изҳор дошт, ки онҳо дар ин хусус ҳеҷ номаи расмие нагирифтаанд.




С.Алиев мегӯяд, ҶСК «Телерадиоком» танҳо пас аз пардохти қарз аз ҷониби ширкати телевизиону радиои Русия, ки дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ба 7 млн. рубли русӣ баробар шудааст, омода аст сари мизи гуфтушунид нишинад.



Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи телевизиону радиои назди Ҳукумати ҶТ Самад Ҳикматов, ӯ чандин маротиба унвонии мақомоти раҳбарии ширкти русиягӣ нома ирсол доштааст, вале ҳеҷ посухе аз онҳо нагирифтааст. «Агар онҳо хоҳони барқароршавии пахши барномаҳои шабакаи телевизиони «РТР-Планета» дар Тоҷикистон бошанд, пас чаро бо мо мустақиман дар тамос намешаванду дар ВАО изҳороти расмӣ интишор месозанд?», – суол медиҳад ӯ.



С.Ҳикматов мегӯяд, гуфтушунид танҳо дар сурати омода будани онҳо барои саривақт пардохтани хизматгузориҳои ҶСК «Телерадиоком» имконпазир аст. «Барои хизматгузориҳо дар моҳҳои ноябр-декабри соли гузашта ширкати Русия танҳо моҳи феврали соли ҷорӣ бо мо ҳисоббаробарӣ кард ва кумита ба иллати он 133 ҳазор сомонӣ хисорот бардошт», – афзуд ӯ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.