Намоишгоҳи байнулмилалии тирамоҳии “Тоҷикистон-2019” дар Душанбе

Рӯзҳои 24-26 октябр дар пойтахт Намоишгоҳи байнулмилалии универсалии “Тоҷикистон – 2019. Тирамоҳ” доир мешавад. Тавре маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар намоишгоҳи мазкур молу маҳсулоти бахшҳои энергетика, нақлиёт, саноатҳои сабук ва кимиё, кӯҳкорӣ, мошинсозӣ, металлургия, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайра ба фурӯшу маърази тамошо гузошта мешаванд. Намоишгоҳ майдони 1000 метри мураббаъро фаро гирифта, […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 24-26 октябр дар пойтахт Намоишгоҳи байнулмилалии универсалии “Тоҷикистон – 2019. Тирамоҳ” доир мешавад.

Тавре маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар намоишгоҳи мазкур молу маҳсулоти бахшҳои энергетика, нақлиёт, саноатҳои сабук ва кимиё, кӯҳкорӣ, мошинсозӣ, металлургия, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайра ба фурӯшу маърази тамошо гузошта мешаванд.

Намоишгоҳ майдони 1000 метри мураббаъро фаро гирифта, дар он ширкатҳои истеҳсолии ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла, аз кишварҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Чин, Қазоқистон, Русия ва Эрон маҳсулоти худро пешниҳод мекунанд.

Маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳ соати 10-и рӯзи 24-уми октябр дар маҷмааи варзишии "Манеж" баргузор шуда, ҳамин рӯз ҳамоиши сеҷонибаи доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон ва Белорус доир мегардад. Рӯзи 25-уми октябр боз як ҳамоиши намояндагони ширкатҳои иштирокдор барпо мешавад.

Намоишгоҳи байнулмилалии мазкур ҳамасола дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар соли ҷорӣ он дуюмин намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалӣ буда, аввалаш рӯзҳои 28-31 март дар Душанбе доир гардида буд.

Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, ҳадаф аз баргузории намоишгоҳҳо таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодӣ, дастгирии соҳибкорон барои дарёфти робитаҳои тиҷоратӣ, канори ҳам овардани намояндагони доираҳои тиҷорат ва савдо, сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалию ташкилотҳои ҷамъиятӣ баҳри роҳандозии равобити мутақобилан судманд, дарёфти самтҳои нави савдо ва густариши ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.