Кумитаи телерадио аз Coca-Cola гувоҳномаи сифат мепурсад

“Рекламаи минбаъдаи нӯшокиҳои газдор, аз ҷумла, Coca-Cola дар телевизион пас аз пешниҳоди сертфикати сифат имконпазир аст”, – гуфта мешавад дар посухи расмии раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён ба агентии рекламавии Total Advertising Group (TAG), ки ба ҷойгиркунии рекламаи Coca-Cola дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон машғул аст. Ёдрас мекунем, ки аллакай ду ҳафта инҷониб […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

“Рекламаи минбаъдаи нӯшокиҳои газдор, аз ҷумла, Coca-Cola дар телевизион пас аз пешниҳоди сертфикати сифат имконпазир аст”, – гуфта мешавад дар посухи расмии раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён ба агентии рекламавии Total Advertising Group (TAG), ки ба ҷойгиркунии рекламаи Coca-Cola дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон машғул аст.

Ёдрас мекунем, ки аллакай ду ҳафта инҷониб дар шабакаҳои телевизиони маҳаллӣ навори рекламаи нӯшокиҳои газдор, аз ҷумла, Coca-Cola намоиш дода намешавад.

Кумита қайд мекунад, ки манъи рекламаи нӯшокиҳои газдор бо мақсади иҷрои талаботи қонун “Дар бораи реклама” амалӣ мешавад, ки дар он гуфта шудааст, рекламаи танҳо маҳсулоти дорои сертификати сифат иҷозат аст. Ҳамчунин қабули “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” ба манъи чунин реклама боис шудааст.

“Дар доираи тадбирҳои Барномаи мазкур Кумита ба дархости сертификати сифат аз ҳамаи маҳсулоти рекламашаванда уҳдадор аст. Дар ин робита, Кумитаи телевизиону радио намоиши рекламаи як қатор маҳсулотро, ки сертификати сифат надоранд, аз пахш гирифт”, – омадааст дар нома.

Зикр мешавад, ки дар сурати аз ҷониби TAG пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои зарурии сифат, намоиши наворҳои рекламавии Coca-Cola барқарор шуда метавонад.

Намояндаи TAG дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” хабар дод, ки сертификати сифат аз Coca-Cola-ро ширкат ба ҳамаи шабакаҳои телевизион моҳи марти соли равон пешниҳод карда буд.

“Аслан, пеш аз ҳар як мавриди ҷойгиркунии реклама дар телевизион мо сетификати сифатро пешниҳод мекунем. Ҳозир низ маълумотро навсозӣ карда, ба Кумита пешниҳод хоҳем кард”, – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки намоиши навори таблиғии «Coca-Cola» ҳатто дар барномаҳое, ки ин ширкат онҳоро маблағгузорӣ мекунад, боздошта шудааст. Дар ҳамин ҳол, худи рекламадиҳандагон аз талаботи Кумита огаҳӣ надоштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.