Даргузашти аввалин сарвари ТВ Тоҷикистон ва собиқ роҳбари “Тоҷикфилм”

Собиқ роҳбари киностудияи “Тоҷикфилм” Обид Ҳомидов 24-уми октябр аз олам даргузашт. Ӯ нахустин сарвари телевизиони Тоҷикистон буда, дар таъсиси ансамбли маъруфи “Гулшан” ва гурӯҳҳои рақсии “Лола” ва “Зебо” саҳми беандоза дорад. Маросими видоъ имрӯз, 25-уми октябр соати 12 дар манзили Обид Ҳомидов (кӯчаи Толстой), рӯ ба рӯйи осорхонаи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад. “Обид Ҳомидов продюсер […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Собиқ роҳбари киностудияи “Тоҷикфилм” Обид Ҳомидов 24-уми октябр аз олам даргузашт. Ӯ нахустин сарвари телевизиони Тоҷикистон буда, дар таъсиси ансамбли маъруфи “Гулшан” ва гурӯҳҳои рақсии “Лола” ва “Зебо” саҳми беандоза дорад.

Маросими видоъ имрӯз, 25-уми октябр соати 12 дар манзили Обид Ҳомидов (кӯчаи Толстой), рӯ ба рӯйи осорхонаи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.

“Обид Ҳомидов продюсер ва роҳбарӣ ҳақиқӣ буд. Замони сарварии ӯ дар “Тоҷикфилм” филмҳои маъруфу писандида – “Нисо”, Марги судхӯр”, “Рустам ва Суҳроб” ва ғайра наворбардорӣ шудаанд. Дар даврони шӯравӣ вазифаи продюсерӣ бар дӯши сарвари киностудия буд”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод.

Ҳайати эҷодии Гурӯҳи расонаҳои ASIA-Plus ба наздикону пайвандони Обид Ҳомидов изҳори таслият мекунад!

Обид Ҳомидов 9-уми майи соли 1926 дар Бухоро ба дунё омадааст. Солҳои 30-юм оилаи Ҳомидовҳо ба Душанбе кӯчида, Обид дар ин ҷо мактаби миёнаро хатм кардааст ва муддате ба рӯзноманигорӣ машғул шудааст. Аввали соли 1945 ба аскарӣ рафта, пас аз панҷ сол ба хона бармегардад.

Пас аз хатми донишкадаи омӯзгорӣ Обид Ҳомидов дар соҳаи синамо ба фаъолият пардохта, баъд аз чанде нозири шуъбаи таблиғоти Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон таъин мешавад.

Соли 1959 Обид Ҳомидов аввалин сарвари телевизиони Тоҷикистон таъин шуда, солҳои 60-ум ӯро ба кор дар киностудияи “Тоҷикфилм” мегузаронанд. Дар ин ҷо бо мусоидати ӯ филми “Парчами Кова” (коргардон Борис Кимёгаров), филми аввалин аз рӯйи асари Фирдавсӣ “Шоҳнома”, филми таърихии “Ситорае дар тирашаб” (коргардон Абдусалом Раҳимов) бахшида ба Аҳмади Дониш ва дигар филмҳо наворбардорӣ шуданд. Солҳои 70-ум Обид Ҳомидов ба Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ роҳбарӣ кардааст.

Обид Ҳомидов 3 писар дорад, ки пешаи падарро интихоб кардаанд. Яке аз онҳо Оқил Ҳомидов соли 1984 Донишкадаи давлатии умумиттифоқии кинематография (ВГИК)-ро дар Маскав аз рӯйи ихтисоси наворбардор-басаҳнагузорандаи филмҳои ҳунарӣ ва мустанад хатм кард. Аз соли 1994 Оқил Ҳомидов дар Лаҳистон зиндагӣ дошта, ба киностудияи худаш роҳбарӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.