Осия дар меҳмонии Asia-Plus: Сиҳат шуда, ба мактаб меравам

Осия Зулфонова, ки ӯро 4 моҳ пеш наврасон оташ зада буданд, ҳоло руҳану ҷисман ба оҳистагӣ шифо ёфтаву табассум мекунад. Духтари хурдсол ҳамроҳи падараш ба идораи “Азия-Плюс” омад. Шерзод Зулфонов, падари Осия ба ҳамаи шахсоне, ки дар рӯзҳои душвор паҳлӯи онҳо буданд ва кумак расониданд, изҳори сипос кард. Осияи 6-сола то ҳол зери назорати табибон […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Осия Зулфонова, ки ӯро 4 моҳ пеш наврасон оташ зада буданд, ҳоло руҳану ҷисман ба оҳистагӣ шифо ёфтаву табассум мекунад. Духтари хурдсол ҳамроҳи падараш ба идораи “Азия-Плюс” омад.

Шерзод Зулфонов, падари Осия ба ҳамаи шахсоне, ки дар рӯзҳои душвор паҳлӯи онҳо буданд ва кумак расониданд, изҳори сипос кард.

Осияи 6-сола то ҳол зери назорати табибон қарор дорад. Ба гуфтаи падараш, ҳар ҳафта барои муолиҷаи ӯ тақрибан 500 сомонӣ масраф мешавад, ки аҳли хонавода имкони дарёфти чунин маблағро надоранд. Падару духтар ҳар 10 рӯз барои гузаштани ташхису табобат аз ноҳияи Рӯдакӣ ба Душанбе меоянд.

Осия дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт: “Ман соли оянда ба мактаб меравам. Бояд зудтар сиҳат шуда, аз пайи хариди китобу дафтар шавам”.

Ба гуфтаи Шерзод Зулфонов, ҳарчанд вазъи саломатии Осия назар ба пешина хуб шуда бошад ҳам, ӯ шабона аз дард азият мекашад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 19-июни соли равон 3 наврас Осияи Шерзодро, ки дар назди манзили истиқоматиаш бозӣ мекард, оташ заданд. Дар натиҷа 65%-и бадани духтар сӯхта буд. Раисҷумҳур низ аз ин ҳодиса воқиф шуда, ба вазири тандурустӣ супориш дод, ки табобати Осияро таҳти назорати шахсӣ қарор диҳад.

Гунаҳкори асосӣ – навраси 13-соларо ноқисулақл дониста, ба Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон ҷойгир карданд.

Аҳли хонаводаи Осия аз волидони наврасони оташзан пардохти ҷуброн талаб доранд. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.