Дар Хоруғ кадом биноҳо сохта мешаванд? (Суратгузориш)

Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон театри миллӣ, биноҳои истиқоматӣ ва кӯдакистону мактабу донишгоҳ, маркази савдо ва ошхонаҳо, инчунин майдончаҳои варзишӣ сохта мешаванд. Дар зер суратгузориши хабарнигори мардумии “Азия-Плюс”: Бунёди театри миллӣ дар майдони 0,54 га бо харҷи 30 миллион сомонӣ дар маркази вилоят аз соли 2016 идома дорад. То ин замон корҳои хобондани […]

Мурод Мирзоев, махсус барои Asia-Plus

Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон театри миллӣ, биноҳои истиқоматӣ ва кӯдакистону мактабу донишгоҳ, маркази савдо ва ошхонаҳо, инчунин майдончаҳои варзишӣ сохта мешаванд.

Дар зер суратгузориши хабарнигори мардумии “Азия-Плюс”:

Бунёди театри миллӣ дар майдони 0,54 га бо харҷи 30 миллион сомонӣ дар маркази вилоят аз соли 2016 идома дорад. То ин замон корҳои хобондани таҳкурсӣ ва тахтасанги яклухти оҳану бетонӣ, ҳамчунин чидани хишти деворҳо ба анҷом расидааст.

Сохтмони бинои 9-ошёнаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба маблағи умумии зиёда 60 миллион сомонӣ аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ босуръат идома дорад.

Бунёди бинои нави муассисаи таълимии МТМУ-и №8 соли 2019 оғози шуда, барои сохтани он ҳукумати кишвар 3 миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Бинои нав барои 640 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Дар шаҳр бунёди бинои иловагии дуошёнаи кўдакистони №1 барои 200 нафар идома дошта, шуъбаи сохтмони асосии ВМКБ маблағгузори он аст.

Бунёди майдончаҳои варзишӣ бо маблағгузории ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва дирексияи сохтмони асосии вилоят дар маҳаллаҳои Тирчид ва Хуфак аз моҳи майи солӣ ҷорӣ оғоз шудааст. То 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 18 адад майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Дар Бозори 20-солагии Истиқлолият бунёди як катор иншооти хусусӣ, аз қабили маркази савдо, ошхонаи миллӣ, мағозаҳои яклухтфурӯшӣ ва ғайра давом дорад.

Бо икдоми Ҳукумати ҶТ аз соли 2017 бунёди ду бинои 12-ошёна дар шаҳраки Шириншоҳ Шоҳтемур идома ёфта, то соли 2018 барои бунёди онҳо 7,5 миллион сомонӣ сарф шудааст. Дар соли 2019 ба иншооти мазкур 2 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Бинои коллеҷи тиббӣ дар маҳаллаи Хоруғи Боло воқеъ буда, ҳоло зиёда аз 60 дарсади корҳои сохтмонӣ дар он ба итмом расидааст. Мувофиқи лоиҳа, он аз 5 ошёна иборат буда, фарогири шароити зарурии таълим барои 240 донишҷӯ ва дорои хобгоҳ барои 100 нафар хоҳад буд. Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ аз бинои таълимӣ, толори маҷлис, ошхона, синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла, барои дарсҳои таҷрибавию амалӣ ва дигар утоқҳои зарурӣ иборат хоҳад буд. Ин муассисаи муосири тиббӣ бо харҷи 13 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағи буҷети давлатӣ сохта мешавад.

Мавод дар доираи барномаи «Рӯзноманигорони мардумӣ» омода шудааст, ки бо дастгирии Internews дар доираи Барномаи расонаҳои Осиёи Миёна – CAMP амалӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.