Имрӯз, 29-уми октябр аз соати 09:00 то 16:00 интиқоли нерӯи барқ дар баъзе маҳаллаву кӯчаҳои шаҳри Душанбе қатъ мешавад.
Тавре ширкати “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” хабар медиҳад, дар ин муддат интиқоли барқ ба чанде аз кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур. Фирдавсӣ ва Сино муваққатан қатъ мегардад.
Интиқоли барқ ба кӯчаву маҳаллаҳои зерини пойтахт муваққатан боздошта мешавад:
– ноҳияи Исмоили Сомонӣ: кӯчаҳои М.Турсунзода ва М.Қурбон;
– ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаҳои Н.Муҳаммада, Маркази савдои "Волна";
– ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои Якатут, 1-май, Аллачабов, Сомон;
– ноҳияи Сино: кӯчаҳои Ҷ.Расулов, Р.Набиев, маҳаллаи Зарафшон.
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирӣ дар баъзе маврид интиқоли нерӯи барқ пеш аз муҳлати мазкур барқарор хоҳад шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


