Ба ифтихори 25-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон имрӯз, 4-уми ноябр дар кохи “Борбад” ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Дар он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард.
Конститутсия “инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик” арзёбӣ шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, эълони истиқлол дар кишвари мо ба давраи ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва буҳрони шадиди конститутсионӣ рост омад.
“Фақат қабули Конститутсия метавонист барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор кардани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат, шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам орад”, – афзуд ӯ.
Зикр гардид, ки бо дарки чунин масъулияти таърихӣ 6 ноябри соли 1994 сокинони кишвар дар раъйпурсии умумихалқӣ иштирок карда, аксари онҳо (беш аз 87 фоиз) ба ҷонибдории Конститутсия раъйи худро изҳор доштанд.
“Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ масъалаи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба сарқонунро чунин шарҳ дод: “Бо пешрафти ҷомеа, хусусан, ҷомеаҳое, ки дар марҳалаи гузариш аз як сохт ба сохти дигари ҷамъиятӣ ва дар ҳоли рушду такомул қарор доранд, зарурати ба Конститутсия ворид кардани тағйиру иловаҳо пеш меояд. Чунин зарурат, яъне такмили Конститутсия дар Тоҷикистон низ пеш омад ва мо онро сари вақт анҷом додем, яъне аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 26-уми сентябри соли 1999-ум, 22-ми июни соли 2003-юм ва 23 майи соли 2016-ум ба қонуни асосии кишвар тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд”.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муқаддима, 10 боб ва 100 модда иборат аст.
Рӯзи 6-уми ноябр дар қаламрави кишвар истироҳат аст. Дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


