Овозхони хиёбонӣ барои мардум месарояд

Садои дутору сурудҳои гоҳе бо алам ва гоҳе шӯхиомези Бобоҷон Холов барои раҳгузарони ҷодаву хиёбонҳои Душанбе ошност. Ӯ қариб ҳар рӯз дар кӯчаҳои пойтахт, ба гуфтаи худаш, “дарди дил тоза мекунад”. “Ман барои мардум навохтаву месароям, ки битавонам дарди онҳоро то ҷое сабук кунам”, – мегӯяд Бобоҷон. Завқи сурудхонӣ аз хурдӣ дар қалбаш ҷӯш мезад. Ӯ орзуи […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Садои дутору сурудҳои гоҳе бо алам ва гоҳе шӯхиомези Бобоҷон Холов барои раҳгузарони ҷодаву хиёбонҳои Душанбе ошност. Ӯ қариб ҳар рӯз дар кӯчаҳои пойтахт, ба гуфтаи худаш, “дарди дил тоза мекунад”.

“Ман барои мардум навохтаву месароям, ки битавонам дарди онҳоро то ҷое сабук кунам”, – мегӯяд Бобоҷон.

Завқи сурудхонӣ аз хурдӣ дар қалбаш ҷӯш мезад. Ӯ орзуи овозхони касбӣ шудан дошт, вале мусибат ва ноомади кору зиндагӣ ӯро ба хиёбон кашид.

“Шавқи сурудхонӣ аз замони кӯдакиям буд, аммо баъд аз 50-солагӣ дигар хиёбонӣ шудам. Думбуранавозӣ бароям касби меросист. Падари ман Гуруғлисаро буд… Дасту панҷаам шикасту ҷарроҳӣ шудам. Дигар қуввати кор кардан надоштам ва ба даст думбура гирифтам”, – иброз дошт ӯ.

Бо вуҷуди мушкилот Бобоҷон ба зиндагӣ, ба мардуми атроф ва ба оянда назари нек дорад. Шукри оромиву орзуи шукуфоии Тоҷикистон мекунад. Баъд аз пайдо шудани навори сурудҳои шӯхи ӯ дар фазои маҷозии Интернет шумори ҳаводоронаш бамаротиб бештар шуд ва то ҷойе шаҳди ситора буданро ҳам чашид.

“Таронаҳои шӯх, ки мехонам, ғариббачаҳо зиёд ҳурмат мекунанд. Суроғ карда, меоянд. Мегӯянд, ки шӯхиёнаҳои шуморо ёд мекунем”, – афзуд Бобоҷон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.