Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова дар ҳамдастӣ бо Театр-студияи “Шамс ва Қамар”-и Ӯзбекистон намоиши “Шоҳзодаи хурд”-ро аз рӯйи асари Антуан де Сент-Экзюпери ба саҳна гузоштааст.
Нахустнамоиши “Шоҳзодаи хурд” дар толори Театри Аҳоруни шаҳри Душанбе рӯзи 17-уми ноябр доир мешавад. Дар ин бора ба Asia-Plus ҳунарпешаи театри Конибодом Фарҳод Ғаффорпур хабар дод.
“Намоишномаи "Шоҳзодаи хурд" бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон таҳти лоиҳаи "Театре дар шаҳр ва шаҳре дар театр" таҳия гардидааст. Он дар доираи ҳамкории ду театр рӯйи кор омада, бо иштироки ду бозигар ба саҳна гузошта шудааст. Дар ҳар ду театр ба як шаклу ду забон – тоҷикию русӣ ва ӯзбекию русӣ намоиш дода мешавад”, – афзуд ҳунарманд.
Муаллифи идея роҳбари бадеии Театр-студияи “Шамс ва Қамар”, мунаққиди театр Қамариддин Ортиқов ва коргардони он Ҷамшед Валиев аз театри “Шамс ва Қамар” мебошанд.
Дар намоиши "Шоҳзодаи хурд"-и театри Конибодом нақшҳоро Ғайрат Қодиров ва Фарҳод Ғаффорпур иҷро мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


