Мураббии тирпарронӣ дар Ҳуҷанд иншооти варзишӣ сохтааст

Date:

Дар маҳаллаи Тиллокони шаҳри Хуҷанд маҷмааи варзишии “Тир” ба истифода дода шуд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти МИҲД вилояти Суғд, иншооти мазкур аз ҷониби мураббии тирпарронӣ Марат Абдукаримов ба маблағи 1 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Иншоот аз се ошёна иборат буда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад.

Дар ин маҷмаа барои дӯстдорони намудҳои гуногуни варзиши тирпарронӣ шароит муҳайё шудааст. Варзишгарон дар ин макон метавонанд маҳорати тирпарронии худро сайқал диҳанд ва Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ муаррифӣ кунанд.

Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур раиси Федератияи тирпарронии варзишии Тоҷикистон Беҳзод Файзуллоев, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, варзишгарон ва сокинони маҳалла иштирок карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...