Мақоми 114-уми Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳои шукуфои ҷаҳон

Дар раддабандии ҷаҳонии кишварҳои шукуфои Legatum Prosperity Index-2019 Тоҷикистон байни 167 давлат зинаи 114-умро ишғол кард. “Тоҷикистон дар сармояи инсонӣ ва солимӣ нишондиҳандаҳои баландтарин ва дар озодии шахсӣ нишондиҳандаҳои паст дорад. Дар қиёс бо даҳсолаи пеш беҳбуди аз ҳама назаррас дар сармояи иҷтимоӣ ба вуҷуд омадааст”, – қайд мешавад дар рейтинг. Тавре муаллифони он зикр мекунанд, […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар раддабандии ҷаҳонии кишварҳои шукуфои Legatum Prosperity Index-2019 Тоҷикистон байни 167 давлат зинаи 114-умро ишғол кард.

“Тоҷикистон дар сармояи инсонӣ ва солимӣ нишондиҳандаҳои баландтарин ва дар озодии шахсӣ нишондиҳандаҳои паст дорад. Дар қиёс бо даҳсолаи пеш беҳбуди аз ҳама назаррас дар сармояи иҷтимоӣ ба вуҷуд омадааст”, – қайд мешавад дар рейтинг.

Тавре муаллифони он зикр мекунанд, аз соли 2009 Тоҷикистон дар ин раддабандӣ 8 зина боло рафтааст.

Зимни таҳияи рейтинг муҳаққиқон нишондиҳандаҳои зеринро мавриди омӯзиш қарор додаанд: сифати иқтисод, муҳити тиҷорат, идоракунии давлатӣ, озодии шахсӣ, сармояи иҷтимоӣ, амният, маориф, тандурустӣ ва муҳити зист.

Миёни кишварҳои узви ИДМ Қазоқистон мақоми 68-ум, Беларус – 73, Русия – 74, Қирғизистон – 88, Ӯзбекистон – 103 ва Туркманистон зинаи 108-уро касб кардаанд.

Дар зинаҳои аввали раддабандӣ Дания, Норвегия, Швейтсария ва дар зинаҳои охири он Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Яман ва Судони Ҷанубӣ ҷойгир шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.